АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Маросими видоъ бо марҳум аллакай cap шуда буд.
Ҳарчанд хиёнати Иринаро бахшидани набуд, вале...
Анастасия Петровна маҷоли сухан гуфтан надошт...
Ў ноайён бо рўймолчааш ашки чашмонашро пок кард ва аз рўйи расму русуми русӣ бори охирин бо маъшуқааш видоъ намуд...
Баъди гузаронидани маросими ёдбуд чун ҳама рафтанд Анастасия Петровна ба Саид аз ҳамаи воқеаҳои ба сари ҷигарбандаш омада сухан гуфт.
– Ана, ҳамин хел Саидҷон, он қандҳо илоҳо дар гулўи шахсе, ки маро аз духтар ва туро аз арўсат ҷудо кард, дармонанд,– гуфт Анастасия Петровна.
– Анастасия Петровна тафтишотро кӣ мебарад?
Ковалёва рақами телефони Абдумаҷидовро ба Саид дод.
– Медони чӣ, Саидҷон, дар дунё кам одамоне ёфт мешаванд, ки дар лахзаи мушкил дарди дигаронро дарк намоянд. Маҳз капитан Абдумаҷидов то лаҳзаи охирин тасаллодиҳандаи мо буд. Ў моро то фурудгоҳи шаҳрӣ гусел кард. Гўям, ки ҷони одам аст, хато намекунам. Агар хоҳӣ ба ў занг зан.
Хуррамов бо модари Ирина хайрухўш карда, гуфт ки ба Харков меравад...
Саид аввал ба хона ва сипас ба ҷойи кори Умаров рафт ва чун боварӣ ҳосил кард, ки Мухтор то ҳанўз аз Душанбе барнагаштааст, ба почтаи маркази шаҳри Бердичев даромада, ба Абдумаҷидов занг зад...
Валӣ чун ҳаррўза аробаашро тела дода, аз пайи дарёфти ризқу рўзии хеш буд. Шантаж дигар ба гўшаи хотираш хам намеомад. Воқеаи дирўзаро гаштаю баргашта пеши назар меовард. Оғўши мулоими зан, қалби сангини ўро чун мум гардонида буд. Боз такрори он лаҳзаҳои ширинро орзу мекард.
– Валиҷон, ту марди баркамоле ҳастӣ ва мард набояд аз қавлаш гардад... Кадом вақте омадан хостӣ аввал, занг зан.
Сарҳади давлатиро баста мешаваду забони бадгўёнро не, боз ҳамсояҳо ҳар хел гапу калоча накунанд, насиҳат кард Света.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё