Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хуб шудааст,– гуён Расулзода аз назди Абдумаҷидов баромад.

– Алло...
– Гўш мекунам.
– Ин ман.
– Шодам, ки маро фаромўш накардаӣ.
Ишқ омаду ихтиёри ман рафт, Ороми дилу қарори ман рафт.
– Эй қоил кардӣ– ку, Валиҷон.
– Тамоми шаб хобам набурд...
– Аз ростӣ?
– Вохўрдан мехоҳам.
– Имрўз наметавонам... Фардо шаб чӣ хел?
– Ман розӣ.
– Набошад, фардо ту ҷонакамро интизор мешавам... Света гўшакро ба ҷояш гузошта, нафаси осуда кашид.
«Хайрият ақлаш дар ҷояш. Акнун Валӣ барояш хатаре надорад. Лекин Ашўрро чӣ кунам? Шояд ўро аз қафои сайдаш ба ҷаҳанам фиристам. Не, не. Набошад ў маро аз қафои дугонаам ба он дунё мефиристад». Занги телефон ўро аз байни андешаҳо вораҳонд.
– Ў гўшакро бардошт.
– Света ин туйӣ?
– Боз кӣ ҳам мешуд?– ў овози Ашўрро шинохт.
– Ман баргаштам. (Баъди воқеаи оншаба Ашўр шаҳрро тарк карда буд.)
– Бисёр нағз.
– Корҳо чӣ хел?
– Ин гапи телефона не.
– Баъди як соат туро дар қахвахонаи “Бадахшон” интизор мешавам,– гўён Ашўр гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Ҳатто имконияти сухан гуфтан надод, лаънатӣ,– ғур– ғуркунон Света гўшакро ба ҷояш монд.
Худро орою торо дода ба кўча баромад. Дар вақти таъиншуда ба ҷойи вохўрӣ омад.

пешина
аз 408
навбатӣ