Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ашўр дар як курсии кунҷаке нишаста, рўзнома мутолиа мекард...
Ў аз ҷой бархоста аз рухсораи духтар бўсае ситонд. Духтар ҳам ўро бўсид.
– Хўш, гап зан.
– Ба боҷхона касе пеш аз ман ташриф овардааст.
– Чӣ гуфтании ки қандҳоро нагирифтаӣ?
– Гуфтам– ку касе пеш аз ман ташриф овардагӣ.
– Ман ба ту бовар намекунам.
– Ихтиёрат.
– О, ту маро бовар кунондӣ, ки ў танҳост.
– Дар асл ҳамин хел буд.
– Ту беҳуда маро ба ҷиноят тела додӣ ва боз нияти фиреб кардан дорӣ?
– Ба ҷонам қасам...
– Қасами ту ба ман чӣ лозим, фоҳиша! Агар то бегоҳ ҳиссаи маро наорӣ аз худат гила кун.
– Бовар накунӣ, биё рафтем, хонаро бин.
– Ман милиса не, ки барои ту моддаҳои қонунро кобам.
– Мефаҳмам.
– Агар фаҳмида бошӣ, тезтар аз назарам дафъ шав!
Света ҳеҷ боварӣ надошт, ки Ашўр ўро фоҳиша мегўяд.
Наход, барои ҳамин тиллои лаънатӣ шуда, муҳаббаташро пеши по занад. Пас дар давоми як сол чун соя аз қафоям давиданаш чӣ маънӣ дошт? Ў бо чашмони ашколуд аз қаҳвахона берун шуд...
– Агар туро аз қафои сайдат ба ҷаҳанам нафиристам, ҳар чӣ...

Кассири фурудгоҳ паспорти Умаровро аз назар гузаронида гуфт, ки ҳоло ҷой нест. Шояд ягон кас билеташро баргардонад. Агар розӣ бошед шиносномаатонро ҳамин ҷо монед ва баъди ду соат хабар гиред...
– Хизмат аз мо.
Чун Мухтор Вайсович аз назди касса дур шуд кассир ба Расулзода занг зад...
– Ҳа, омадед?

пешина
аз 408
навбатӣ