Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ хеле мебинед.
– Толеатон баландӣ кард, ана, билет барои пасфардо,– гуфт кассир ва шиносномаю билетро ба дасти Умаров баргардонд.
Мухтор бо кассир ҳисобӣ намуд ва ба қавле ҳаққи хизмати ўро фаромўш накард.
“Акнун қандҳоро ҷо ба ҷо кардан лозим”,– аз дил гузаронд Умаров ва аз бинои кассаҳои фурудгоҳ берун шуд.
Бехабар аз он, ки ҳар як қадами ўро милиса назорат мекард...

Акбаршоҳ ба вокзал омад. Валӣ аробаро тела дода, бори мусофиронро мекашонд. Ў ба тарафи бача рафта, аз қафояш овоз дод.
– Ҳа, Валӣ.
– Писарбача лаҳзае пас гашт ва гуфт:
– Шумо маро ҷеғ задед?
– Шумо Валиед?
– Ман.
– Биё, ягон ҷо нишаста суҳбат кунем.
Ҳарчанд Абдумаҷидов дар либоси ғайринизомӣ буд, Валӣ ўро аз лаҳзаи аввал шинохта буд. Валӣ ҷуз розӣ шудан чорае надошт, чунки ў бо кӣ сару кор доштанашро нағз мефаҳмид.
– Дар куҷо истем?
– Ҳо, ана ба он хонача меравем, – пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятиро нишон дода гуфт Абдумаҷидов.
– Ба ҷойи милисаҳо?
– Ҳа.
– Не, ман он ҷо намеравам. Шумо гуфтед, ки ягон ҷо нишаста суҳбат кунем.
– Гуфтам ва боз илова кардам, ки вобаста ба суҳбат музди меҳнататонро пардохт менамоям, то он бино бошад ҳамагӣ ду дақиқа роҳ рафтем.
Сухани охирини Абдумаҷидов чун амр дар гўшаш садо дод, ки дигар ҳарфе нагуфта, ба роҳ даромад.

пешина
аз 408
навбатӣ