Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Суҳбат хело тул кашид. Абдумаҷидов ҳис мекард, ки Валӣ дурўғ гуфта истодааст.
– Агар дар ҳамсоягии Света зиндагӣ кунед, гўед, ки ин кист? Ў аз киссааш яке аз расмҳои Ковалёваро гирифта, ба дасти Валӣ дод.
Валӣ аз лаҳзаи аввал шахси дар расм бударо шинохт, вале боз дуруғ гуфт, ки бори аввал мебинад...
Азбаски субҳи имрўз прокурори ноҳияи Гулистон барои ба зери назорат гирифтани телефони Света рухсат дода буд, баъди як соат гуфтугўӣ Муҳаббатов Валӣ бо Райкина Света, ки харакгери огоҳкунанда дошт ба қайд гирифта шуд...
Пас аз рафтани Валӣ Акбаршох бо нозири минтақавӣ капитани милиса Амрихудоев суҳбат карда, хоҳиш намуд, ки аз қафои чунин наврасон назоратро пурзўртар намояд.
– Намедонам бо чунин аҳвол мо ҷомеаро чӣ хел пеш мебарем? Ба ҷойи мактабравӣ корашон аз субҳ то шом аробакашӣ. Албатта, пеш бурдани зиндагӣ акнун душвор шудааст, вале ба оянда бо чашми хирад бояд нигарист...
Абдумаҷидов аз назди Амрихудоев баромада, то истигоҳ омад. Мардуми бисёре дар истгоҳ дар тараддуди ба маркази шаҳр рафтан буданд. Тролейбусҳои қатор маҷоли ҳаракат надоштанд.
– Қувваи барқ нест, – ҳасрат кард пиразане.
Акбаршоҳ дигар интизор нашуда, ба тарафи шимол, ки ба маркази шаҳр мебурд, пиёда ба роҳ даромад... Аз чӣ бошад, ки ў ҳамин қисми шаҳрро меписандид. Вохўриҳои аввалини ў ва Наташа дар ҳамин хиёбони назди вокзали роҳи оҳан сурат гирифтанд. Баъдтар онҳо аз ҳамин ҷо Александрро ба Маскав гусел намуданд.
Шояд сабабаш он бошад, ки муҳаббати аввалини ў аз ҳамин ҷо оғоз шуда. Дишаб Наташа суол кард, ки вохўрии аввалинашонро дар ёд доранд?

Райкина мурғи пойсухтаеро мемонд, ки ҷойи нишаст
намеёфт. Таҳдиди имрўзаи Ашўр кам буд, магар ки боз занги телефони Валӣ садо дод.

пешина
аз 408
навбатӣ