Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба кадом мақсад Абдумаҷидов Валиро пурсидааст? Саволҳои беҷавоб бисёр буданд.
Ў гузаштаи на он қадар дурро ба ёд оварда, дилаш гум зад.
Вай шамъу Ашўр парвона буд. Лаҳзае аз ў ҷудоӣ надошт, акнун ҳарду сояи якдигарро барои он қандҳои зормонда аз девор метарошиданд.
«Ҳамааш айби худам шуд. Ашўрро ба ҷиноят тела додам.
Боз ба ў хиёнат кардам. Ҳайронам он қандҳои зормондаро кӣ гирифт? Ҳамин тарафи масъаларо ман бояд мепурсидам?
Ирина дар вокзал омадани касеро интизор буд. Баъди оне ки қандҳоро ба боҷхона гузошта омад, ман лаҳзае аз ў ҷудо нашудам. Маълум мешавад, ки Ирина пеш аз омаданаш ба ин ҷо бо касе дар ин бора гуфтугў намуда будааст. Ширинии бисёр зарар дорад, доимо таъкид мекард худораҳматии модарам, вале ман инро шўхӣ мепиндоштам. Аз хурдӣ шириниро аз ҳама беш дўст медоштам»,– мегуфт ба худ.
Аз воқеаи қандҳо огоҳ шуда ў ва Ашўр ҳарду дар атрофи қандҳо парвона шуданду ба ҷиноят даст заданд ва акнун ҳарду он замбўри хонавайронро мемонданд...
Рўз бегоҳ мешуд. Ба ҷойи вохўрие, ки Ашўр таъин карда буд, рафтан лозим меомад. Мухтор дар кўчаҳои шаҳр хело пиёда гашт. Воқеаи ба сари Ковалёва омада, ўро ҳеҷ ором намегузошт. Аз ҳама бештар аз Хуррамов метарсид. Дар симои Саид ў ягона рақиби худро медид... “То что знают двое знает свиня”– гуфтани Мюллер11– ро аз чӣ бошад, ки ба ёд овард.
Агар Ирина зинда мемонд, ҳеҷ гоҳ Саид аз ин сафари ў огоҳ намешуд. “Аслан гирем дар ин ҷо ман гуноҳе ҳам надорам.
Агар мехостам Ирина худаш Саидро партофта ба наздам меомад. Аз ҳаракатҳои ноҷояш ман инро борҳо дарк кардам, вале ба хотири Саид шуда шайтонро санг задам. Оё ў имрўз инро мефаҳмида бошад”.
Умаров байни ин фикру андешаҳо ба меҳмонхонаи «Душанбе», ки он ҷо маскан гирифта буд, омад. Аз навбатдор калидро гирифта, ба ошёнаи дуюм баромада, вориди хоначаи иҷоравиаш шуд ва худро болои кат партофт.
Ў аз модар хеле бармаҳал ятим монд. Ситорааш ба модари угай ҳеҷ рост наомад. Ниҳоят падараш ўро ба интернат бурда монд. Дар рўзҳои таътил ба хонаи тағояш мерафт. Тағояш Хуршед аслан ба модараш Ҳанифа як себи ду кафон буданд.

пешина
аз 408
навбатӣ