Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модари угай ду писар ва як духтар таваллуд кард, вале ҳарсеяшон фавтиданд. Падараш ҳамеша ба ў мегуфт: Акнун бачаи калон шудаӣ, ақлатро ба ҷояш гиру хон. Баъди хатми мактаби миёна ў ба Институти технологии шаҳри Масква дохил шуд. Ҳангоми курси сеюмро хатм намудан бо Валя ном духтаре издивоҷ намуд. Тақдир ҳардуро ба Бердичев ҳавола кард. Се сол пеш ў аз ҳамсараш ҷудо шуд. Аз зиндагии якҷоя бо Валя ду фарзанд дорад. Ҳоло Муҳаммад ва Зебо ҳамроҳи модарашон дар Киев зиндагӣ мекунанд. Тахминан даҳсол пеш падар ҳамаи азобҳои кашидаашро “ҷуброн” намуд...
“Ана, ин ҷо зиёда аз як килограмм тиллои холиси навъаш баланд, агар ақлатро кор фармоӣ ба набераҳоям ҳам басанда аст”... Қисме аз онҳоро ҳамроҳи зану бачаҳояш истифода бурд, боқимондаашро барои рўзи фардо пинҳон кард. Албатта, на ҳамсар ва на фарзандон дар ин бора чизе намедонистанд... Пас аз фавти падар ў дигар ёди ёру диёр накард ва сарвати боқимондаро ба Бердичев бурд.
Он солҳо хизмати гумрукӣ дар байни ҷумҳуриҳо набуд ва бо қатора бурдани маводи мамнўъ мушкилие надошт. Ҳарчанд дар заводи қанд ҷойи кораш бад набуд, вале оқибат ғарибӣ ба дилаш зад. Дасти хушку холӣ омадан маъное надошт ва вақте ки бо Саиду Ирина шинос шуд, онҳоро ба дом кашид...
Хусусан Ирина тайёр буд, ки барояш ҷон нисор кунад ва боре дар танҳои ба ў як дона қанд дод. Аслан тиллоро баробари ба Бердичев бурдан ба дохили қандҳо ҷо карда буд...
Чандин бор Ирина бо ҳар баҳона ба хонааш омад. Боре шабона ба хонаи модараш нарафту ҳамон ҷо монд. Мухтор ба Ирина дар меҳмонхона ва ба худаш дар хонаи дигар ҷойи хоб партофт...
Посе аз шаб гузашта буд, ки Ирина ба ҷойи хоби ў даромад...
Азбаски Саидро бародар ва Иринаро хоҳар хонда буд, худаш аз бистар хеста ба ошхона рафт ва то саҳар дигар нахобид. Саҳари Ирина аз хоб хеста бахшиш пурсида гуфт, ки чӣ тавр дар ҳолати мастӣ ба бистари хоби ў даромадааст, намедонад.
– Ҳеҷ гап не,– ўро ором кард Мухтор.

пешина
аз 408
навбатӣ