Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рафту Саид фаҳмад чӣ,– нобоварона гуфт духтар.
– Намефаҳмад,– гуфт қатъи соҳибхона ва Иринаро огоҳ сохт, ки минбаъд то ба ин дараҷа нанўшад.
Инро барои он гуфт, ки Ирина гумон кунад ҳақиқатан соҳибхона ба маст буданаш бовар кардааст...
– Ман як умр аз Шумо қарздор Мухтор– ака, гуфт духтар ба забони тоҷикӣ.
“Аз ин лаҳзаи муносибтаре барои гуфтушунид ёфтан ба гумон аст”, аз дил гузаронд ў ва ба духтар гуфт, ки каме қанд дорад, агар Ирина дар худ қувваеро ҳис кунад, онҳоро ба Тоҷикистон барад. Ба ҳар ҳол ман маҷбур намекунам...
– Аз ҳамон қандҳои ба ман додаат?– пурсид духтар.
– Бале.
– Ба ман як ҳафта муҳлат деҳ пас ҷавобашро мегўям,– гуфт Ковалёва.
– Майлат.
Баъди як ҳафта Ковалёва аз Харков занг зада хабар дод, ки барои иҷрои супориш тайёр аст.
– Ба хона биёед, маслиҳат мекунем,– гуфт Мухтор.

Азбаски кормандони бахши фаврӣ – ҷўстуҷўйии милиса аз пайи назорати Райкина ва Умаров буданд, ёфта пурсидани Саломатов, Бурҳонов ва Галкинро муфаттиш Шарифӣ бар души худ гирифт.
Дирўз муфаттиш бо азобе розигии прокурорро дар бораи назорати гуфтугўи телефонӣ ва ҳама гуна мукотибаи хаттӣ аз болои Райкина С. гирифт ва имрўз аллакай ин назорат натиҷаи дилхоҳ дод. Гуфтугўи Валӣ бо Света муждаи аввалине дар ин ҷода буд...
Абдунабӣ Файзович Саломатов дар нимаи дуюми рўз ба дари кабинети Аҳмад Шарифӣ ангушт зад.
– Марҳамат, дароед.
Марди қоматбаланди қоқинае вориди утоқи кории муфаттиш шуда, худро муаррифӣ кард:
– Саломатов, ҷеғ зада будед?

пешина
аз 408
навбатӣ