Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Модоме, ки даъватнома гирифтаед, ин нишонаи ҷеғ задани мост, марҳамат гузашта шинед...
Чун фаҳмид, ки ўро оид ба воқеаи дувоздаҳ сол пеш рухдода ҷеғ задаанд, яку якбора шурида рафт...
– Чӣ фикр мекунед, ки Шумо дар донишу маҳорат аз муфаттишони пештар болотар меистед? Оё нашунидаед, ки “Лой дар девори хушк намечаспад”, агар ман гуноҳе медоштам, ҳамон солҳо онро дайн мекарданд, ҳарчанд муфаттишон он вақтҳо кушиши зиёде ба харҷ доданд, вале чӣ хеле дидед, натиҷае ба даст оварда натавонистанд.
– Ором шавед, Шуморо ин даъфа на ба сифати гумонбаршуда, балки ба сифати шоҳид даъват кардаем. Ў ҳуқуқ ва вазифаҳои шоҳидро ба Саломатов хонда дод.
Пурсиши шоҳид Саломатов ба рафти тафтишот дигаргуние ворид насохт...
Ғанӣ Бурҳонов бар хилофи Саломатов марди оромтабиате будааст. Ў воқеаҳои ба сараш омадаро ҳамчун амри тақдир, ки аз он ҷойи гурез нест, арзёбӣ кард...
Александр Михайлович Галкин аз ҷумҳурӣ баромада рафта буд ва тафтишот ёфта пурсидани ўро зарур нашуморид.
Золотайко Олег Ефремович бошад, то ҳанўз дар колонаи ислоҳи меҳнатӣ буд ва дар ин муддат бинобар иҷрои ҷазо бо касе аз собиқ ҳамкорон имконияти вохўрӣ надошт. Пурсиши ў ҳам дигаргунии бузургеро дар тафтишот ба амал оварда наметавонист...
Баробари торик шудан Света аз хона баромада, ба тарафи дигари роҳ гузашт ва аз телефон автомат ба куҷое занг зад.
Занги телефони Валӣ, ки характери огоҳкунанда дошт, ўро “ҳушёр” карда буд. Ҳар лаҳза наздикшавии хатарро ҳис мекард, вале илоҷи рафъи онро надошт. Агар Ашўр мефаҳмид, ки милиса аллакай аз қафои Райкина назорат бурда истодааст, ўро ҳамчун шоҳиди номатлуб аз байн мебурд.
Ў ба гирду атроф хеле чашм дўхт. Мардуми дар кўча ҳаракаткунанда, ки аз пайи ба сомон расондани корҳои хеш буданд, ягон шубҳаеро дар вуҷудаш наоварданд. Аз милиса дида, ў бештар аз Ашўр метарсид... Оҳиста– оҳиста ў ба тарафи истгоҳ ҳаракат кард.

пешина
аз 408
навбатӣ