Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинанда гумон мекард, ки ба ягон тараф роҳсипор аст, вале дар асл омадани касеро интизор буд.
Тахминан баъди ним соат автомашинае ҷавони бисту ҳашт– сисолаеро даҳ – понздаҳ қадам дуртар аз истгоҳ фаровард. Баробари фаромадан ҷавон тамоку даргиронд...
Райкина ҷавонро шинохт, ки ба тарафи ў омад.
– Қандҳоро овардӣ?
– Не.
Он ду нафари ба назди ў омада, аҳволашро пурсиданд.
– Ташаккур, ҳамин хел бо собиқ шавҳарам ҷанҷол намудам,– дурўғ гуфт Света.
Ў ба хона баргашт. Дарро баста назди оина рафт ва ба симои худ назар кард. Таги чашми чапаш сиёҳ шуда буд...
Гурўҳи назоратӣ баъди як соат аз воқеаи ба сари Райкина омада, ба капитани милиса Абдулмаҷидов, ки ҳолати чӣ хел пеш бурдани хизмати гурўҳро санҷиданӣ омада буд, хабар доданд.

субҳи 6– уми май Акбаршоҳ ба прокуратура рафта, барои кофтукови хонаи Райкина бо муфаттиш Шарифӣ маслиҳат кард.
– Шумо фикр мекунед, ки Райкина қандҳоро дар хонааш нигоҳ медорад?– пурсид Шарифӣ.
– Намедонам, вале аминам, ки ягон нишонае аз он ҷиноят меёбем.
– Агар наёфтем– чӣ?
– Ман як зиёфат қарздор.
– Шумо аллакай як зиёфат аз Жулёв ва Назар Назирзода қарздор ҳастед, аввал ҳамонро аз гарданатон сокит намоед, – хандида гуфт муфаттиш.
– Он масъаларо фаромўш накардаам, вале ку вақт?
– Аз ҳама асосиаш ҳамин, ки фаромўш накарда бошед, он тараф Худо подшост.
– Оё Райкина кушиши бо Умаров вохўрдан накард?
– Аз ҳолате ки мо онҳоро ба зери назорат гирифтаем не, ба фикрам, баъди телефони дирўзаи Валӣ Райкина эҳтиёткор шудааст.

пешина
аз 408
навбатӣ