АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Пас, дар дилатон ягон хусумат намондааст?
– Не.
– Майлаш, акнун аз пайи кор шавед ва ҳарчӣ тезтар ба ин масъала нуқта гузоштан лозим.
– Рухсат диҳед равам, – аз ҷой бархоста ба таври низомӣ арз намуд капитан.
– Ба Шумо барори кор хоҳонам, – гуфт Ёров.
Вақте ки Абдумаҷидов аз дар берун шуд, Ёров бори дигар муносибати нодурусти худро нисбат ба ў пеши назар оварда, ба илму дониш ва хиради Абдумаҷидов чунин баҳо дод:
Касе, к– аш хирад бошад омўзгор, Нигаҳ дорадаш гардиши рўзгор…
Аз чӣ бошад, ки суханони чанд вақт пеш гуфтаи Абдумаҷидов то ҳанўз дар гўши ў чунин садо медоданд: «бадбахтии шумо, рафиқ майор дар он аст, ки аз адабиёт фарсахҳо дуред».
Баъди ин Ёров ба омўхтани асари безаволи Фирдавсӣ «Шоҳнома», ки солиёни зиёд дар ҷевони китобхонаи шахсиаш мехобид сар кард ва ба хулосае омад, ки ҳақ ба ҷониби Абдумаҷидов будааст…
... 45…
светлана Андреевна баъди вохўрии шабона бо Ашўр ба хулосае омад, ки нигоҳ доштани қанди аз Ковалёва ба ёдгор монда зарурате надорад. Баробари аз вохўрӣ баргаштан ў пораи қанди ба ёдгор мондаи дугонаашро аз ҷойи пинҳонкардааш гирифта, ба пиёла андохт ва аз болояш чойи гарм рехт…
Вақте ки пораи қанд дар чойи гарм ҳал шуд, метали зард бори дигар ҷилло дод. Ў бо қошуқча хеле тиллоро дар пиёла тоб дод ва ниҳоят яку якбора онро бардошт. Ана, ба дастам афтодӣ, гуфт ў беихтиёр.
Рафтори ў дар он лаҳзаҳо рафтори моҳигирро мемонд, ки моҳии тилло ба даст оварда. Хост қандчойро нўши ҷон кунад, вале ҳамоно аз раъяш гашт, чунки «Каргас мурғи пуртоқат аст»12 ном асари ба наздикӣ хондааш ба ёдаш омад, рафту… Ў пиёларо якҷоя бо чойяш ба ахлотқуттӣ партофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ