АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Тиллоро ба селофане печонда дар қуттии креме, ки ҳаррўза худро орою торо медод, пинҳон кард. Ба қавле аз ин кораш каме осуда шуд ва танҳо баъди ин худро ба бистар партофт.
Тамоми шаб хобаш набурд. Чанд бор пинакаш бурд ва хоби тарсноке дида, аз ҷой ҷаҳида хест.
Ў лаънатие, мушташ аванс будаст. Хаёл мекунад, ки ман «маоши» ўро интизор шуда меистам. Садқаи номи зан шавӣ.
Валӣ аз ту ҳазор бор беҳтар, ҳарчанд аз даҳонаш бўи шир ояд ҳам, вале ба қадри ин мўъҷизаи табиат мерасад…
... 46 …
соатҳои даҳ ў аз хона баромад. Акнун васиёни ў аз ду ба чор нафар расида буданд. Ду нафар хонаро ба зери назорати доимӣ гирифта, ду нафари дигар ноайён аз қафояш назорат мебурданд. Райкина ба чанд идора даромад.
– Маълум, ки бекорӣ ба ҷонаш задааст, – гуфт яке аз васиёнаш.
– Чароғ пеш аз мурданаш равшан мешавад, ҳамин қадар вақт бекор истоду як– ду рўзи дигар сабр накард, гуфт васии дигар.
– Шояд ақлаш дар ҷояш задааст?
Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед!
гуфт дуюмӣ.
Ниҳоят ў лакоту хаста, гоҳ пиёдаву гоҳ мошинсавор ба хона омад. Баробари ба остона қадам ниҳодан сими телефонро, ки шабона ҷудо карда буд, аз нав пайваст. Гўшакро ба гўшаш бурда, чун ба мўътадил кор кардани телефон боварӣ ҳосил кард, онро дар ҷояш гузошта, вориди ошхона шуд. Иштиҳояш, ки карнай шуда буд, хўрок гарм кард ва баъди таъом боз романи «Қиёмат»– ро ба даст гирифт. Аслан ў баъди ҳодисаи ба сари Ковалёва омада, романи «Қиёмат»– ро ба гўшаи хотир ҳам наовард ва имрўз бори аввал баъди танаффуси бемуҳлат боз онро ба даст гирифт. Ў низ дар орзўи вохўрӣ бо Валӣ буд.
Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд, Дилбарон аз ошиқон дар ошиқӣ ошиқтаранд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ