АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Аз чӣ бошад, ки замзамаи ин сурудро дўст медошт ва дар ин лаҳзаи интизорӣ боз онро ба ёд овард ва ҳатто бо овози паст замзама кард.
Ҳарчанд рўз торик мешуд, дили духтар тиратар мегашт. Ў ҳеҷ гумон надошт, ки Валиро чунин пазмон мешавад. Телефон хомўш буд. Занги дар садо доду чӣ хел ба назди дар омада, онро кушоданашро нафаҳмид. Хайрият дар бо занҷираки эҳтиётӣ маҳкам будааст…
Дар остона Ашўр меистод.
Ў лаҳзае дасту по хўрд, вале ҳамоно худро ба даст гирифта, дарро ба рўйи меҳмони нохонда пўшиданӣ шуд.
– Ту чӣ кор карда истодаӣ фоҳиша, ё гумон мекунӣ, ки ҳамин хел ба осонӣ аз ман халос мешавӣ, – дарро ба тарафи соҳибхона тела дод Ашўр.
– Пас гўй, ки туро ба ин фоҳишахона чӣ овард? – Дарро кушо гуфтам, – таҳдид намуд Ашўр.
– Рав, ки милисаро ҷеғ мезанам, – гуфт духтар.
– Марҳамат, ҷеғ зан. Ту гумон дорӣ, ки милиса ба ғайр аз парастории чунин сабукпойҳо дигар коре надорад?
– Дишаб ҳам ҷеғ задам ва дидам, ки чӣ хел думро хода кардӣ, – паст наомад духтар.
Ашўр бо тамоми қуввааш ба дар шатта зад. Занҷири дар канда шуд ва Райкина бо тамоми қувва ба ёрӣ ҷеғ зад. Ашўр бо як чолокие ба хона даромад ва чун дарранда ба соҳибхона дарафтоду… дарди ҷонкоҳеро ҳис карда ба фарш афтид.
«Ўро куштам, акнун чӣ кор мекунам?» Ба ёд овард, ки дарро ҳанўз маҳкам накардааст. Аз ҷояш бархоста ба пеши дар омад ва дар рў ба рўяш Абдумаҷидовро дид.
– Светлана Андреевна, ба ёрӣ ҷеғ зада будед?
– Не.
– Шояд ба хона таклиф кунед?
– Илтимос, ягон вақти дигар биёед. Дар хона меҳмон дорам, – гўён Райкина дарро ба рўйи капитан пўшиданӣ шуд.
Абдумаҷидов даро тела дода, вориди хона гашт.
– Аз остона рондани меҳмон фоли нағз нест, Светлана Андреевна, – гўён Абдумаҷидов ба тарафи меҳмонхона ҳаракат кард ва чашмаш ба шахси беҳаракат, ки болои фарш афтида ва ҳанўз аз сараш хун мерафт, бархўрд. Ў хам шуда, набзи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ