Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

меҳмонро дид ва чун боварӣ ҳосил кард, ки хатаре ба ҳаёти «меҳмон» таҳдид намекунад, пурсид:
– Ин кӣ?
– Чӣ ман ўро куштам, – ба ҷавоб суол дод Райкина.
– Ба фикрам ҳамин хел, – бепарвоёна гуфт капитан.
– Акнун ман чӣ кор мекунам?
– Росташро гўӣ, ягон илоҷ меёбем.
– Ин кас дугонаи ман Ковалёваро кушт ва акнун барои нест кардани ман омада буд, бинед, занҷири эҳтиётии дарро ҳам шикаст.
– Пас, чаро дар ин бора ба милиса хабар надодед?
– Ман аз ин кас метарсидам.
– Маълум мешавад, ки тафтишотро гумроҳ карданӣ шудед.
– Ман ин ҷо айбе надорам.
– Албатта.
– Акбар Ҳакимович, маро суд мекунанд?
– Барои чунин ифлос не, беҳтараш гўед, ки ба кадом мақсад дугонаатонро кушт?
– Ман намедонам, инро аз худи ў пурсидан лозим буд.
– Мепурсем.
– Чӣ магар ў зинда аст?
– Шумо чӣ хаёл кардед?
– Ман шуморо чашми дидан надорам.
Абдумаҷидов аз лаҳзаи дар остона пайдо шуданаш тугмачаи диктафони оперативиро, ки дар кисааш нигоҳ медошт, пахш карда буд ва боварии куллӣ дошт, ки сабти овоз бе камбудист.
– Акнун ба ў (Абдумаҷидов ба тарафи шахси болои фарш хобида ишора кард) нигаред, – гуфт ў ба соҳибхона.
Райкина дид, ки чӣ хел Ашўр дар тараддуди хестан аст.
Светлана Андреевна бо як чолокие ба тарафи дар давид ва чун дарро кушод, милисионереро дида, пас гашт. Милиционер ҳам ба хона даромад.
– Духтур ва ду шахси холисро ҷеғ зан, – амр кард Абдумаҷидов.
– Бачаҳоро чӣ ?
– Ду нафарашон бигзор дар берун истанд ва як нафарашон дароянд.

пешина
аз 408
навбатӣ