АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Баъди лаҳзае шахси ғайринизомипўш вориди хонаи Райкина шуда гуфт:
– Рафиқ капитан, сержанти хурд Алиев бо амри Шумо ҳозир …
– Аз ҳамин лаҳза рафиқ сержанти хурд, парастории Светлана Андреевнаро ба зиммаи шумо месупорам. Аз хотир набароред, ки ба ҳар тори мўяш ҷавобгаред.
Райкина, ки акнун дар гўшаи курсие амонат менишаст, бо чашмони нафратбор ба тарафи Алиев нигарист.
– Акнун ўро ба хонаи шафат бар,– амр кард капитан.
Соҳибхона дар зери назорати милисионер меҳмонхонаашро тарк кард…
Автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» баъди даҳ дақиқа дар назди биное, ки Райкина истиқомат мекард, истод. Яке аз милисионерони дар берун буда духтуронро то хонаи Светлана Андреевна гусел кард.
– Тинҷӣ– мӣ? – Абдумаҷидовро дида пурсид марди хилъати сафедпўш.
– Тинҷи, тинҷӣ, ҳамин меҳмонро медидед, – гуфт Абдумаҷидов ва ба духтурон ҷавони болои фарш хобидаро, ки сараш хуншор буд, нишон дод.
– Меҳмонро ҳамин хел пешвоз мегиранд? Ё ин кас дузд? – пурсид ҳамон марди хилъати сафедпўш, ки Абдумаҷидовро ҳамчун соҳибхона гумон мекард.
– Умуман, ба милиса хабар додан лозим.
– Милиса медонад, охир яке аз онҳо моро то ин ҷо гусел намуд– ку, – гуфт духтури ҷавон.
Ҷавони дар болои фарш афтида сарашро дошта оҳ мегуфт.
Духтури миёнсол набзи ўро санҷида гуфт:
– Фамилия ва ному насабат.
– Магар ҳамин шарт аст? – гуфт ҷавон ва аз сўзиши сар боз оҳ гуфт.
– Албатта.
– Эй духтурҷон, тезтар сарамро бинед, ки мемурам, фамилияву ному насабам гурехта намеравад.
Духтур ҷароҳатҳои ўро тоза карда, сарашро бинтпеч кард.
– Кӣ шуморо…
– Як фоҳиша.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ