Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Доғгоҳест дилам»,
Доғгоҳест танам
Доғгоҳест саросар Ватанам,
Ҳама ҷо худъаву хун,
Ҳама ҷо тарсу сукут,
Ҳама ҷо ҷабру ҷабун.

Кист он кас, ки надонад,
Ки дар ин баҳри ҳарос,
Ки дар ин баҳри сукут,
Мавҷҳо ҷӯшонанд?
Мавҷҳо мунқалиб аз хашму ғурур,
Ташнаву мунтазири тӯфонанд,
То бароранд зи дарёи шабонгаҳ шати нур.

АФСОНАИ САБЗ

Дашту дарахту дарраву домони кӯҳ сабз,
Гӯӣ баҳори сабз надорад каронае,
Як рози тозаро абадият баён кунад,
Ҳар лаҳза аз замин чу бирӯяд ҷавонае.
Сад гуна ранг ҳасту ду чашм асту як забон,
Бечора шеър ин ҳамаро чун кунад баён.

Эй найнавоз!
Бар сари он кӯҳи ранг-ранг,
Бо нолаҳои най ту баён кун фасонае,
Афсонае зи духтари зебои сабзчашм,
Бо саргузашти пуршарари ошиқонае.
Ё достони мурғи гирифтор дар қафас,
Ё қиссае зи сохтани ошёнае.
Бегона бо ғамам куну девона бо нишот,
Бо як навои хушхабаре, ё таронае.

Ё чун баҳори тоза расад чашму гӯш бош,
Мурғон зананд нағма, ту дигар хамӯш бош.

ТАНҲОӢ

Агар як шоха аз танҳоии ман бар замин афтад,
Бипӯшонад заминро ҷангали хомӯши танҳоӣ,
Ҳазорон қарнро як лаҳза дар оғӯши худ гирам,
Чу афтам лаҳзае хомӯш дар оғӯши танҳоӣ.
Биёбон дар биёбон аст танҳоиву ман боди биёбонам.
Гаҳе ҳамроҳи тӯфонҳо
Равам то аввали дунё,
Миёни нимаурёнҳо
Гаҳ урён,
Бе сухан овоз мехонанд.
Ва навзодони худро гарм мелесанду мебӯсанд,
Барои туъмаи хоме,
Наметарсанд аз куштори якдигар
Ва бар мурда намегирянд,
Намедонанд нанги худпарастиро.

пешина
аз 263
навбатӣ