ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Гаҳе дар Ветноми оташин астам,
Саропо хашму кин астам,
Чаро охир?
Чаро дар сарзамини пайкари зебои озодӣ,
Тамаддунро ба ҳалқи лӯлаҳои оҳанин резанд,
Ки ҳар дам шаҳрҳоро бар замин резанд,
Намедонанд оё қадри ҳастиро?
Гаҳе рӯйи камарбанди тилоии Зуҳал бинам ҷавононро
Ва фардо фатҳи садҳо ахтари дуру дурахшонро.
Бувад дунёи танҳоӣ,
Пур аз зиштиву зебоӣ
Ва ман бисёр танҳоям,
Ту, эй хонанда,
Эй илҳоми ман,
Магзор танҳоям.
БАҲОР
Чашма аз зери санг ҷӯшон аст,
Рӯди нилуфарӣ дурахшон аст,
Баски бишкуфта лола дар кӯҳсор,
Домани кӯҳҳо чароғон аст.
Дил зи ёди баҳор зинда шавад
В-аз навои парандагони саҳар,
Одамизода чун паранда шавад,
Ки гушояд ба осмонҳо пар.
Дашт сабз асту сабза рангоранг,
Бояд аз хона сӯи саҳро шуд.
Як дам осуда аз ҳазорон дард,
Чашма шуд, рӯд гашту дарё шуд.
Кошки ҳар чӣ мекунем эҳсос,
Гирад оҳангу бар забон ояд.
То бигӯям чӣ гуна фасли баҳор,
Ёди ёрони меҳрубон ояд.
БО ШЕЪРИ ЯҲЁ РАЙҲОН
Устоди сухандон,
Девони шумо ҳадяи пурарҷи азизест.
Боғи «Гул зарде»-ст пур аз лолаву «Райҳон»,
Бо он ҳама шевоиву шӯраш,
Донед чӣ шодии бузурге кунад эҷод,
Орад падаре ёд чу аз духтари дураш?
Ҳарчанд ки дерест ман аз реша ҷудоям,
Шодам, ки гиёҳе зи гулистони шумоям.
ШАБЧАРОҒ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё