ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Чӣ шодмона шукуфтаст гулшани дидор,
Ки дидааст, ки умри гузашта бозояд,
Замони рафта зи нав шоду дилнавоз ояд,
Дубора зинда шавад рӯзҳои хотиразо?
Амон зи хотираҳо,
Ки ҳамчу киштии дурест дар шаби дарё,
Гаҳе дурахшаду гоҳе ниҳон шавад зи назар.
Замон замони дигар,
Ҳавои субҳи баҳорони соҳили Корун,
Нафиру нағмаи мурғони масти нахлистон,
Ду ҷони тозаву покизаву ду ҷисми ҷавон,
Ту будиву ман
Ва Офтоби фурӯзону осмони Ватан.
Ҳанӯз монда ба ёдам, ки порасангеро,
Ки буд бар лаби Корун зи шавқ бӯсидам
Ва ин ҷудоии ман буд,
Аз туву он рӯд.
Пуле шикаст
Ва селҳои хурӯшанда роҳҳоро баст,
Чӣ рӯдҳо, ки ба дарёи бекарон пайваст.
Кунун, ки боз шукуфтаст гулшани дидор,
Ту ҳастиву ман
Ва Офтоби фурӯзони осмони Ватан.
Даруни мавҷи нигоҳи ту рӯди Корунро,
Ба ёд овараму рӯзгори рафтаи хеш.
Зи ҳар чӣ бештар имрӯз орзумандам,
Ки чашми обии Корун дигар набинад хун,
Ки чеҳрааш шавад аз сурхии шафақ гулгун.
Ҳамеша Корун,
Макони мардуми пирӯзи қаҳрамон бошад,
Умеди Меҳану меъоди ошиқон бошад.
БАР СИНАИ ГАРМИ ЗАМИН
Гар бодбон бишикасту заврақ вожун шуд,
Боист дар дарёи тӯфонӣ шино кард,
Гар нест поёб,
Бояд ба ҳар сӯ даступо кард.
Бояд савори мавҷҳо шуд,
Бояд зи нобудӣ раҳо шуд.
Бояд дубора бодбонро,
Дар паҳнаи дарё барафрошт.
Бояд раҳе бар соҳиле бурд,
Бояд тулӯъи тозаи Хуршедро дид.
Бар синаи гарми замин,
Бояд гуле кошт.
МОЗАНДАРОН

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё