Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мозандарон! Диёри ҳамешабаҳори мо,
Садҳо саломи гарму дуруду ситоишам,
Бар кӯҳҳои сабзу ба дарёи обият,
Бар боғҳои пурсамари офтобият,
Бар мардуми диловари озодихоҳи ту,
К-аз «Ҳафт хон» гузаштаву пирӯз гаштаанд.

Мозандарон! Ман омадам, инак, ба сӯйи ту,
Бо кӯлаборе аз сафари дури орзу.
Аз кӯҳҳо гузаштааму аз дарраҳои жарф,
Ин ҷо шукуфта лолаву он ҷо нишаста барф.

Рафтам зи шеър тоҷгуле ҳадяат кунам,
Дидам зи даштҳои шақоиқ шафақ шукуфт.
Дидам дарахтҳо ҳама рангинкамон шуданд,
Мурғон ба рақс омада овозхон шуданд.
Дидам даруни ҷангали анбӯҳи соясор,
Бо шавқ ошиқона ғизолон гурехтанд,
Дар нури Моҳи соҳили руъёии Хазар,
Дидам ситораҳо ҳама рӯйи ту рехтанд.
Рафтам ба гашти дашт,
Дидам, ки оби сокиту сарди биринҷзор,
То зонуи занони азизат расида буд,
Бар ранҷи бекаронаи он гулрухон дуруд!
Рафтам бигирам аз ҳунару донишат суроғ,
Дидам «Аламп»-и дигару даврони дигаре,
Бар қуллаҳо ҳамосасароён дигаре.

Мозандарон! Ки хиттаи хубони оламӣ,
Зебою ҷовидонаю шеъри муҷассамӣ.
Ин рӯзҳо ба равшанӣ эҳсос мекунам,
Чун ман ту ҳам ба доғи азизон ба мотамӣ.
Аммо шукуфаҳои навин боз мешавад,
Фардо баҳори беҳтаре оғоз мешавад.

СИМУРҒ

Парандае, ки параш ранги осмонҳо буд
Ва беқарории болаш чу мавҷи дарё буд,
Ба сӯйи дуртарин Каҳкашон париду парид,
Нафас кашид дар он бекаронаи абадӣ,
Шукуфаҳои сапеди ситораҳоро чид,
Ки оварад ба замин
Ва ошиқе зи паяш рӯзу шаб давиду давид.
Зи сахраҳои тавонсӯзи сарнавишт гузашт,
Гаҳе расид ба симурғи хешу гаҳ нарасид.

Ту, эй парандаи ҷоду!
Эй орзу,
Ки осмону заминро ба зери пар дорӣ,
Зи нури поки саҳар поктар ба парвоз ой

пешина
аз 263
навбатӣ