ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ва ҳар куҷо, ки равӣ, боз сӯйи мо боз ой,
Ки ранги болу парат нақши зиндагонии мост.
ИНСОН ВА ИСЁН
Онҳо, ки ишқе, нафрате, ранҷи ғами оҳанге надоранд,
Бо ҳеч кас ҷанге надоранд.
Танҳо арӯсакҳои беҷон метавонанд,
Дар дасти ҳар кас ром бошанд.
Дар ин ҷаҳони пурҳаёҳу
Бо чашмҳои бе нигоҳ ором бошанд.
Инсон ва исён аз азал ҳамзод ҳастанд,
Зеро ки ҷаллодони торих,
Раҳме ба инсоният ва ишқе ба фарҳанге нмдоранд.
ОРЗУИ МАҲОЛ
Дар паси он кӯҳҳои дури тановар,
Дуртар он сӯйи абрҳо ва уфуқҳо,
Дар дили пуррози он ситора шабхез,
Он ки дурахшид ба базми ҳафт бародар,
Дуртар он ҷо, ки ҳеч обу ҳаво нест,
Ҳаст фазоҳо, ки дар тасаввури мо нест,
Рақси ҳазорон ҳазор ахтари пурнур,
Ғаршу ғавғои шуълаҳои шиновар,
Ҳамҳамаи маҳиб ва мубҳами ашбоҳ,
Наъраи мелоди марги дарҳами арвоҳ,
Дар тани мавҷудҳои зиндаи афлок.
Чун пазирам, ки зиндагию замона,
Мунҳасири сокинони рӯйи замин аст?
Эй чӣ басо ҷисму ҷони зиндаи зебо,
Сокини сайёру ситоранишин аст.
Ҳаст агар рӯҳ, рӯҳи поктаре ҳаст,
Шояд покизатар зи хокнишинон,
Гуфтам: Шояд,
Чу дар табиати инсон,
Гоҳ чунон қудратеву болу паре ҳаст,
Аз ҳама офоқу коинот фузунтар.
Баъд аз ҳазор сол ману ту,
Рӯйи пару боли шуълаҳо хурӯшон
Чун ду паранда, парандаҳои тилоӣ,
Озод аз ранҷу бехабар зи ҷудоӣ.
Шояд дар бекаронаи абадият,
Моро дидори ҳасту нести қиёмат.
ОФОҚИ БЕКАРОНА
Баҳор омаду боз интизори ёру диёр,
Дубора чашм ба роҳам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё