ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Дубора гӯш ба занг,
Ки пайки муждарасон оварад салому паём.
Саҳар зи нағмаи мурғон чу мешавам бедор,
Надонам аз чӣ нагирад даме дилам ором?
Чи сарнавишти аҷибе!
Чӣ кӯҳҳои меҳолудаи баробари ман,
Яке пас аз дигаре аз замин барорад сар.
Намекунам бовар,
Ки боз дур зи дидори ошёна шудам,
Ба кайфари абадӣ гаштаам дубора дучор
Ва бегуноҳ гунаҳкор дар замона шудам.
Чаро ки душман бедод будаам ҳама умр
Ва гуфтаам, ки зибас рехт хун ба домани хок,
Кабӯтарон нанишинанд бар замин аз бом.
Чӣ чора бояд кард?
Ҷуз он ки мум шуду об гашт дар кафи хеш
Ва боз худро сохт.
Зи гулшани дилу аз киштзори андеша,
Ҳар он чӣ решаи хушк аст, кунду дур андохт
Ва чун дарахти баҳорон шукуфаборон шуд,
Сафои зиндагию соябони ёрон шуд.
Бар Офтобу ба офоқ бекарона салом!
ЗАНИ ЭРОНӢ
Ту фахрӣ хилқатӣ, эй зан,
Ту модари башарӣ.
Фурӯғи меҳри ту,
Зебоии муқаддаси ту,
Ҳамеша маншаи илҳоми шоирон буда-ст,
Ту худ суруду шеърӣ,
Ҳамосаву ҳунарӣ.
Мабод, эй зани эронӣ,
Эй зани бедор!
Ки сарнавишти ту дар дасти дигарон бошад.
Ба қарни фатҳи фазо,
Ки зан ба ҷои фаришта ба осмон рафта-ст,
Чаро вуҷуди ту дар пардае ниҳон бошад?
Шукӯҳи покии рӯҳи ту
Пӯшиши тани туст
Ва раҳнамои ту андешаҳои равшани туст.
Касе, ки гуфт:
Зи мӯят шарора меборад,
Дуруст гуфт.
Шарора ба ҷони нопокон,
Шарори хашм ба бадгуҳаре, ки пиндорад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё