ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Арӯсакӣ ту,
Матоиву нимаинсонӣ,
Зи рушди қарн ба дурӣ,
Ҷудо зи давронӣ.
Ман ин ҳадиси куҳанро чаро кунам оғоз,
Ки мурғи ҷомеъа бо ҳарду боли нерӯманд,
Яке зану дигаре мард, мекунад парвоз?
Чу ширу шираи ҷони туро хӯрад фарзанд,
Фаротар аст мақомат зи осмони баланд,
Ки гоҳвораи фардост дасту домани ту.
Ту модариву ту сарбозиву ту донишманд,
Ки равшан аст ба рӯйи ту чашми Меҳани ту.
Ту дар набарди далеронаи замонаи мо,
Басо шаҳид, ки додӣ
Ба роҳи озодӣ,
Басо ба сангари хунбор
Кардаӣ пайкор,
Ки аз асорати аъсори ғам раҳо гардӣ
Ва пештози раҳоии наслҳо гардӣ.
Умедвораму дорам ба ин умед имон,
Ки дар кусуф намонӣ ту, эй зани Эрон!
ОҚОИ НЕЧА
Файласуфи муҳтарам, оқои Неча!
Гуфтаед аз шоирон гаштед хаста,
Хаста аз чӣ?
Гуфтаед:
Онҳо чу товусанду дарё,
Ҳар се муҳтоҷи тамошо.
Ҳайф аз ин ташбеҳи зебо,
Бо чунин тарҳи натиҷа.
Файласуфи муҳтарам, оқои Неча!
Лаззате дорад ҳунар,
Волотар аз ҳар чизи дигар,
Бо талотумҳоии дарёии рӯзону шабонаш,
Шӯру шавқи офаридан,
Мекунад равшан,
Чароғи шоиронро.
Ин тамошо гар бувад,
Гирад суроғи шоиронро,
З-он ки шеър ойинаи ранҷ асту разму ормонаш.
Шоирон виҷдони асру пайки давронанд,
Ин бас
Ифтихори шоирешон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё