ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Дар боргоҳаш,
Дарбориён, саркардагони фотеҳи Рум,
Дар гӯшаи варжели ҷовидон нишаста,
Бо нағмаи чӯпон нишаста,
Дар интизори саҳнаҳои шодию ғам.
Ин саҳнаи бозигарон аст,
Сирку суруду бозиву рақсу намоиш,
Зеборухони нимаурён,
Дар партави рангини машъалҳои ларзон.
Аммо дар ин ҷо саҳнаҳои дигаре ҳаст,
Ҷанги ғуломон асту ҳайвоноти ваҳшӣ.
Эй бардаи бечора,
Дар хун ғӯтавар шав,
Бошад, ки бо лаззат бихандад импротур,
Аммо чӣ хашмогину ғамгин аст шоир.
Шояд, ки Испортоки осӣ,
З-ин гуна майдонҳои куштор,
Як рӯз бигрехт.
Дар синаи гарми ғуломон тухми кин кошт,
То парчами исён барафрошт.
Итолиё!
Имрӯз ҳам исёнгарони бисёр дорӣ,
Ранҷи фаровон дорию пайкор дорӣ.
Эй сарзамини офтобӣ!
Аз ёди дидори ту шодам,
Зеро ту Эрони маро орӣ ба ёдам.
ЛАНДАН
Урдибиҳишти Ландан,
Хирман - хирман гулу шукуфаву сабза,
Бо он дарахтҳои тановар,
То реша дар шукӯҳи шукуфтан.
Рӯйи замин ҳар он чӣ дарахт аст,
Ин ҷо чун қалъаҳои зумуррад,
Ҳар гӯшааш ба гул шудаст озин.
Бар сабзаҳои туруди муаттар,
Ҳар лола як чароғи дурахшон,
Ҳар гул чу як ситораи равшан.
Гулшан, чу нақшҳои қолии Эрон,
Он сарзамини ранҷу ҳамосӣ
В-он ошёни мурғи дили ман.
Ландан,
Шаҳри гул асту сабзаву борон,
Бо мурғакони масти ғазалхон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё