Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо осмони обию абрӣ,
Бо Офтоби нарми фурӯзон,
Бо обҳои тори миҳолуд,
Бо поркҳои сабзи гуландуд,
Меъоди ишқҳои бараҳна,
Бо хонаҳои сокити садранг,
Бо кохҳои саркаши зебо,
Гулгаштҳои гардиши лордон,
Бо мӯзаҳои маркази дониш,
Бо он ҳама шукӯҳи калисо,
Бо мардумони сарди муаддаб.

Бас қарнҳои тилову тамаддун,
Хирворҳои атиқаву алмос,
Аз роҳи дур омада ин ҷо,
Ҳам пайкари тилоии Буддо,
Ҳам Кӯҳи Нур омада ин ҷо.
Аз дастранҷи мардуми гетӣ,
Ин ҷо ба ҳар тараф нигарӣ ҳаст,
Мероси ҷовидони навобиғ,
Осори зиндаи ҳунарӣ ҳаст.
Паҳлӯи кохҳои муҷаллал,
Бехонагиву дарбадарӣ ҳаст.

Шабҳо шулӯғ - шаҳри чароғон,
Рӯзон шитобу ҳамҳамаву кор,
Бекор ҳам, ки ҳаст фаровон.

Шаб то саҳар ба Ландани бедор,
Ин шаҳри бонку бурсу тиҷорат,
Даҳҳо ҳазор огаҳиву нур,
Чашмак зананд аз дару девор.

Дар жарфнои хилвати шабҳо,
Дуздиву қатл ҳасту ҷиноят ҳам.
Озодии фасоду табаҳкорӣ,
Ҷаҳди пулису назму назокат ҳам.

Дарҳои рӯсиёҳи козинуҳо,
Шаб то саҳар ба рӯйи ҳама боз аст.
Сӯйи дигар ба шодии муштоқон,
Дар саҳнаҳо Илоҳаи зебоӣ,
Бо Шову Шекспир ҳамовоз аст,
Ин ҷо ҳунар нишонгари эъҷоз аст.

Сели азиму дарҳами инсонҳо,
Ҷорист дар масири хиёбонҳо,
Аз ҳар нажоду кишвару ҳар ойин:
Чашмони нимабози хаёлангез,
Дар чеҳраҳои сокини зайтунӣ,
Чатри сиёҳи зулфи гиреҳхӯрда,
Бар чеҳраҳои солими рангини пӯст,

пешина
аз 263
навбатӣ