ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Рухсорҳо чу барфи саҳаргоҳӣ,
Бо чашмҳои обию зангорӣ.
Он чеҳраҳои тозаи гандумгун,
Бо чашмҳои шуълавари шабранг,
Чун мавҷҳои дарҳами тӯфонҳо,
Ҷорист дар масири хиёбонҳо.
Дар дил ҳамеша орзуям ин аст:
К-ин чашмҳо ҳамеша дурахшад шод,
Ин чеҳраҳо ҳамеша шавад хандон,
Ин дастҳо ҳамеша хӯрад пайванд
В-ин рангҳо ҳамеша ба ҷо монад,
Дилҳо, вале ҳамеша шавад якранг.
Рӯзе расад, ки рӯйи замин,
Мардум
Бо ҳам шаванд якдилу якоҳанг.
Ландан чу назар кунад ба торихаш,
Орад ба ёд сӯхтани худро,
Дар хонаҳои чӯбии оташгир,
Сӯзу гудози ҷону тани худро.
Дар шуълаҳо гудохта шуд Ландан,
Аммо дубора сохта шуд Ландан.
Дар Ландан - ин сафинаи сармоя,
Ин пойтахти салтанату қудрат,
Ин пойгоҳи маҳками суннатҳо,
Ин шаҳри эътисобу суханронӣ,
Сулҳу салоҳ дар сафи рӯёрӯӣ,
Бо якдигар чӣ сахт ба пайкоранд.
Размандагони ошиқи озодӣ,
Бо аҳдҳои баста вафодоранд.
Дар Ланданам,
Ки шаҳри шигифтиҳост,
Аммо шабонарӯз дилам он ҷост.
Дар хоки хунгирифтаи Хузистон,
Ё дар миёни оташи Лубнонам?
Ландан чӣ рӯзгори парешонӣ,
Дар поркҳои сабзи ту меҳмонам.
Зебост аз ту бо ту сухан гуфтан,
Аммо на ин замон, ки парешонам.
Ландан!
Рагборҳо чӣ зудгузар ҳастанд,
Торихро ту хондиву хондам ман.
НАСИМИ САҲАР
Шуд ниҳон охирин ситораи шаб,
Аввалин мурғи субҳ шуд бедор,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё