Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй насими саҳар, насими саҳар,
Бар мани мунтазир паёме ор.
Қосиди хушхабар,
Биёву бигӯ,
Корвон мерасад ба манзили хеш.
Ҳа чӣ кӯшотару шикеботар,
Зудтар вораҳад зи мушкили хеш.

Дилам оҳангсози уммед аст,
Зиндаам бо таронаи дили хеш.

ШЕЪРАМ САРНАВИШТИ МАН АСТ

Ман ҳеҷ гаҳ як шоири базмӣ набудам,
То нағмапардозӣ кунам,
Ё бо сухан бозӣ кунам,
Ё духтари андешаамро,
Дар рақс орам бо тарона,
То он ки шодиву шигифте офаринам, шоирона.
Аз кӯдакӣ то ёд дорам,
Будаст шеърам саргузаштам, сарнавиштам.
Ғамҳову шодиҳои хешу дигаронро,
Дар дафтари танҳоиям гоҳе навиштам,
Бе ҳеҷ гуна интизорӣ.

Ман ҳеҷ гаҳ борон набудам,
То даштҳои ташнаро сероб созам,
То корвони хастаро обе бубахшам,
То гулшани пажмурдаро шодоб созам,
То абрро ҷорӣ кунам дар ҷӯйборе.

Ман шабчароғи равшани дарё набудам,
То киштии гумгаштаро орам ба соҳил.

Ман ҳеҷ гаҳ шеъре нагуфтам,
Бе хоҳиши дил.
Шабҳо, ки миллионҳо ситора,
То субҳ болои сарам буд,
Шеърам ба сӯи осмон болу парам буд.
Рӯзони ғавғо,
Дар ҷанги ҷабборону ҷаллодони даврон,
Шеърам салоҳу сангарам буд,
Шеъре, ки бошад сарнавиштам.
Парвандаам бо ин сухан боз асту баста,
Як умр ман аз номи гумномон навиштам.

АЛБУРЗ-1

Албурз ошёнаи Моҳтобу Офтоб,
Эй бӯсагоҳи нури нахустини бомдод.
Эй саркашида сӯйи баландои осмон
В-эй по ниҳода дар дили пуроташи замин.

пешина
аз 263
навбатӣ