Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй паҳлавони сокити садҳо ҳазор сол,
Истода дар камин,
Дар интизори Ораши ҷонбози ростин.

Албурз, эй ҳисори фалаксои пойтахт,
Инак, ба доманат,
Ҳар субҳдам зи бонги азон,
Ё аз навои фохтаҳову хурӯсҳо,
Ё аз нафири тиру сафиру гулӯлаҳо,
Аз хоби изтироб чу бедор мешавам,
Бо аввалин салому суруди саҳаргаҳӣ,
Омодаи шукуфтани дидор мешавам.
То ошиқона пеши ту сар хам кунам зи меҳр,
Зеро ту рамзи зиндагии мардуми манӣ.

Албурзи саҳмнок,
Гоҳе ту бо тамомии сангинии сукут,
Бар синаам нишиниву девонаам кунӣ,
Аз дидани шақоиқи ваҳшии дилсиёҳ,
Аз лолаҳои қирмизу аз дурии шафақ,
К-аз чашмаҳои хуни шаҳидон нишонгаранд,
З-он сарвҳои сабзи фурӯхуфта зери хок.

Албурзи бешикаст,
Эй синаи саҳифаи торихи Меҳанам,
Бас қарнҳост пои ту дар банд будааст,
Имрӯз рӯзгори раҳоӣ зи бандҳост,
Ин сарнавишти мост.

Албурзи меҳрубон,
Эй кӯҳи пуршукӯҳ,
Настӯҳи ҷовидон.
Рӯзе, ки ҷуғди ҷанг гурезад зи марзҳо,
Вақте Ватан шавад зи бародаркушӣ раҳо,
Садҳо ҳазор машъали сӯзон зи қуллаҳот,
Сар баркашад ба базми бузурги ситораҳо.

АЛБУРЗ-2

Зи барфи қуллаи Албурз гаштааст сафед,
Чу Каҳкашони дурахшон дар осмон уммед.

Ба базмгоҳи табиат саҳар чӣ бозӣ буд,
Ки кӯҳ пардаи симин ба рӯйи чеҳра кашид?

Ба рӯйи ҷомаи нилӣ, ки доманаш пайдост,
Дигар барои чӣ пӯшид пешбанди сафед?

Ҳазор мартаба дидам, ки осмони кабуд,
Гирифт домани Албурзу чеҳрааш бӯсид.

пешина
аз 263
навбатӣ