ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Чӣ ашкҳо, ки фурӯ рехт осмон аз ғам,
Чу ранги рафтаи Албурзу оҳи сардаш дид.
Чакид Жола чу аз чашми нилгуни сипеҳр,
Бирехт бар сари Албурз дурру марворид.
ЭЙ ОН КИ ҒАМГИНӢ
Модар!
Ман сӯйи ту ба марсияхонӣ наомадам,
Дар арсаи набарди раҳоӣ,
Беҷост гиря кардану гирёндан.
Зинҳор агар дар он сӯйи сангарҳо,
Шодӣ кунад зи гиряи мо душман.
Модар!
Ғами азизи шаҳидат аз они мост,
Фазанди ту ҳамосаи ҷовиди Меҳан аст,
Эрон ҳамосазост.
Он кӯдаке, ки оташи худро ба тонк зад,
Бо хуни пуршарора ба хоки Ватан навишт:
Ин сарзамин макони ҳазорон Таҳамтан аст,
Ойинаш устувориву устура гаштан аст.
Модар!
Мо дар миёни оташу хунему изтироб,
Мо шоҳиди таваллуди торихи тозаем,
Аз садду селу соиқа бояд гузар кунем.
Модар!
«Эй он ки ғамгинию сазоворӣ,
Андар балои сахт падид оранд,
Фазлу бузургворию солорӣ.
МАВҶЕМ
Мо зинда аз онем, ки ором нагирем,
Мавҷем, ки осудагии мо адами мост.
Муҳаммад Иқбол
Дирӯз саҳнаҳои ғаму шодию талош,
Як рӯз рафта з-он ҳама,
Ё як ҳазор сол.
Имрӯз сояравшани сангини ёдҳо,
Фарёдҳо, дилҳураҳо, интизорҳо,
Мо сар ба остонаи фардо ниҳодаем.
Дар тундбоди ҳодисаҳои заволзо,
Мо сабза нестем, ки сарро кунем хам,
Чун сарвҳои боғи Ирам истодаем.
Дар паҳнаи пурофати дарёи зиндагӣ,
Мавҷему бо талотуми тӯфанда зодаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё