Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

По бар замину сар ба мадори ситораҳо,
Бо ёди он ки дар раҳи мо рафту барнагашт,
Бо раҳравони роҳи раҳойии ростин,
Оғӯши ошиқонаи худро кушодаем.

КИШТӢ НАҶОТ ЁФТ

Саргузашти воқеӣ

Ҷанг асту ҷанг раҳм ба чизе намекунад,
Киштӣ ба коми оташи душман фитоду сӯхт,
Оташфишони синаи сӯзони баҳр шуд,
Садҳо ҷавони ҷангии ҷонбоз сӯхтанд,
Як тан наҷот ёфт.

Сарбози нимсӯхта афтод рӯйи тахт,
Беҳушу захмдор.
Чандин пизишк бар сари ӯ дар талоши сахт,
Шояд ба ҳуш ояду дармон шавад каме.
Ин рӯзи дуввум аст, ки ангуштҳои ӯ,
Бо назми якнавохт такон мехӯрад мудом.
Аммо танаш чу искалати сокиту сиёҳ,
Дармондаанд ҷумла пизишкон ба кори ӯ.
Ҳамкори ӯ расиду ба Мурсаш ҷавоб дод:
Киштӣ наҷот ёфт, ёрон саломатанд.

Ангуштҳои нимсӯхта ногаҳ раҳо шуданд,
Сарбози покбоз дар ағмои ҷовидон,
Осуда хуфт, то шавад афсонаи замон.

ШАБОҲАНГ

Шабоҳанг!
Эй пайки поки сапеда,
Ту, эй ахтари равшани субҳгоҳӣ,
Бурун ой аз он пардаи ложувардӣ,
Ки ҷонам ба лаб омад з-ин сиёҳӣ,
Дарунам парешон,
Дилам танг.

Шабоҳанг!
Мурғи саҳархезон,
Ту фарёди хомӯши ошуфтагонро,
Барор аз дили худ ба оҳанги дигар,
Ба он нағмаҳое, ки гулгун шуд аз хун,
Бизан ранги дигар.

Шабоҳанг!
Шабҳо чӣ беинтиҳо шуд
Ва шабгарди фонус бар каф,
Давад ҳар тараф дар пайи корвонҳо,
Ки пайдо кунад ишқи гумгаштаашро.

пешина
аз 263
навбатӣ