ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Шабоҳанг!
Бишнав насими навохон
Ба жарфои найзорҳо мезиндонӣ,
Садое аз дур ояд аз ошноӣ,
Дигар бор дидори мо кай бувад, кай?
Гули қосиди хушхабар ку?
Кабӯтар куҷо рафт?
Чӣ шуд рақси мастонаи кокулиҳо?
Чӣ бас ошёнҳо ба боди фано рафт.
Шабоҳанг!
Пайки саҳаргоҳи равшан,
Барафрӯз рухсору сар кун навое,
Ки бо нағмаву нури ту зиндаам ман.
БИГЗОРЕД МО БУЗУРГ ШАВЕМ
Бигзоред мо бузург шавем,
Мо ба гаҳвораҳои руъёӣ,
Рӯйи тахти равони нуру насим,
Ҳамнаво ба кабӯтарони сапед ,
Бо табассум ба гиря мегӯям,
Бигзоред мо бузург шавем.
Бигзоред мо бузург шавем,
То ки бо ларзиши нахустини гом,
Бар замини бузург бӯса занем,
Ҳай, биафтему боз бархезем,
Вожаи аввалини мо — модар,
Аввалин бӯсамон ба рӯйи падар,
Мову бозӣ бо арӯсакҳо,
Мову дунёву қиссаҳои қашанг,
Аз сафарҳои дури кайҳонӣ,
Гашту парвоз дар ситораву нур.
Соли нуреву умри поянда,
Фориғ аз ҷангу бехабар аз бим,
Бигзоред мо бузург шавем.
ПАЁМИ ПАДАР
Эй умеди шукуфта, эй фарзанд,
Кӯдаки нози навдамидаи ман,
Эй вуҷудам ба меҳри ту побанд.
Шаб ҳама шаб ба хоб мебинам,
Ки ту дар хоби ноз механдӣ.
Чашмҳои ситораворатро
Мекунӣ бозу боз мебандӣ.
Зи лабат бӯи шир меояд,
Бӯйи гулҳои сурх, бӯйи баҳор,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё