Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Модари меҳрубони ту то субҳ,
Сари гаҳвораат бувад бедор.

Эй азизи падар, азизтарин
В-эй нигоҳдори ному ҳастии ман.
Кошки зудтар зи дидорат,
Дили ман, чашми ман шавад равшан.

Эй умеди шукуфта — фарзандам,
Орзумандам, орзумандам,
Ки ту фардо ба пешгоҳи Ватан,
Сарбаланд аз сиришти худ бошӣ,
Соҳиби сарнавишти худ бошӣ.

ПАС АЗ ПАНҶ СОЛ

Барои писарам Меҳрдод

Пас аз панҷ сол интизору ҷудоӣ,
Ки ҳар рӯзи он соли дардоваре буд,
Туро дидам, эй ту оҳанги ишқам.

Ту бо нағмаҳои латифи худоӣ,
Бибин модаратро чӣ девона кардӣ,
Зи ҳар чиз ҷуз хеш, бегона кардӣ,
Ба ҷуз Меҳан,
Инро ту медониву ман.

Магар рӯҳи ман дар ту кардаст туғён,
Ки дар ҳар навои ту ғамҳои дунёст.
Чӣ андуҳи покизаи осмонӣ,
Чӣ пурнуру зебост.

Дар оғӯши пурмеҳри Хуршеди сӯзон,
Басо дидаам гиряи кӯҳсорон,
Ту ҳам гар бибинӣ,
Вуҷудам шавад обу резад зи чашмам,
Махӯр ғам.
Нишаста ба гул орзуи бузургам,
Ҷавонии ман дар ту, инак, шукуфта.
Баҳор асту дидору рӯзи раҳоӣ,
Пас аз панҷ сол интизору ҷудоӣ.

АЗ МАҶМӮАИ «БОДИ ШӮРТА»

ПУРСИШИ БЕҶО

Канори дашт зи пире хамида пурсидам,
Баро кист ниҳоли наве, ки мекорад?
Ва шарм кардам аз нӯшханди хомӯшаш,
Ки кори нек,

пешина
аз 263
навбатӣ