ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Магар сиккаҳои бозорист,
Ки меравад, ки матоъе ба хона бозорад?
БА СУРОҒИ ОРЗУҲО
Барои ҳамсарам дуктар Шамсиддин Бадеъ
Бирав, эй уқоби саркаш,
Ба суроғи сарнавиштат,
Ки дареғ агар уқобе,
Чу ту,
Дар қафас бимирад.
Чу ба пой хост тӯфон,
Гулу сабза хезад аз ҷо.
Ба паноҳи санглохон
Ҳама хору хас бимонад.
Ба шигифтам аз ғариқе,
Ки намекунад тақалло
Ва ту, эй уқоби осӣ,
Чӣ диловарона рафтӣ.
Ба савоҳили раҳоӣ
Ба суроғи орзуҳо.
ТАХТИ ҶАМШЕД
Тахти Ҷамшед,
Карда оғӯш сангеашро боз,
То дар он ошён кунад Хуршед.
Бингар он ҷо,
Санги хоро,
Булӯр ва ойина аст,
К-андар он рӯҳи қарнҳо пайдост.
Ҷони садҳо асир дар ҳар санг,
Нақши ҳар санг фасле аз торих,
Аз тулуъу ғуруби қудратҳост.
Ин ҳама ҷисми зиндаи беҷон,
Пайкарони азими ҷовидон,
Ба ниёиш нишаста мегӯянд:
Эй Аҳурои меҳрубон
Моро,
Дур дор аз газанди Аҳриманон.
ПОИЗИ ЗАРНИГОР
Баргрезони сурху зарди хазон,
Оташ афрӯхта ба домани боғ.
Дар ғубори кабуди шом гаҳе,
Ҳар дарахте ба каф ҳазор чароғ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё