Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо навоҳои бод мерақсанд.
Қатраҳои булӯри борон низ,
Бар сари шоха шод мерақсанд.

Чамани сабз чун ҳарири латиф,
Рӯйи он нақшҳо зи пӯлаки зард,
Кас надонад чӣ мешавад фардо?
Бояд имрӯзро тамошо кард.

Баргҳо мурғакони зарринанд,
Гашту парвозашон тилорез аст.
Бас дилангезтар зи боғи баҳор,
Гулшани зарнигори поиз аст.

ЭЙ ОШНОИ МАН

Эй ошнои ман!
Боқомати баланду нигоҳи чу Офтоб,
Бо чеҳраи шукуфта аз илҳому орзу,
Мағруру мерубон ба суроғи ман омадӣ.

Ман зери шохаҳои сапеди ақоқиё,
Танҳо нишастаам,
Танҳову бесадо.
Гунҷишкҳои синасиёҳу кабӯтарон,
Бо пешбанди атласи сабзу бунафши хеш,
Дар ҷустуҷӯ хушанд.
Сармаст аз баҳор,
Фориғ зи ранҷҳои ҷадоиву интизор.

Эй ошнои ман!
Ки туро дидаам басе,
Бар қуллаҳои саркаши ҷаҳду умеду дард,
Дар маъбади ҳунар,
Дар сангари набард.

Он шаб, ки Моҳ хуфтаву дарё сиёҳ буд,
Машъал шудӣ, зи синаи мавҷ омадӣ бурун,
Ё аз диёри хотиразои ман омадӣ?
Эй пайки хушхабар,
Зи раҳи равшан омадӣ.

ПАЁМИ МУСОФИР

Меравам, меравам, ба роҳи сафар,
Гар бигирад касе сароғамро,
Гӯ ба ӯ: Мурғи ошиқи шабзод,
Нест дар ошёни худ дигар.

Гар ту ҳам ёд мекунӣ гаҳ-гаҳ,
Сар ба саҳро бинеҳ ба оромӣ.
Бишнавӣ шояд аз парандаи дур,

пешина
аз 263
навбатӣ