ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Нағмаҳои маро, садоямро.
Бар лаби сурхи лолаҳои баҳор,
Бингарӣ ҷои бӯсаҳоямро.
Шаб ҳама шаб ситораҳо бинанд,
Ки ду чашмам ситораборон аст
Ва дилам дардманди ёрон аст.
То баҳори дигар кӣ медонад,
Ки чӣ пеш ояду чӣ хоҳад буд?
Манам, инак, мусофири раҳдур,
Ба умеди баҳорҳо бидруд.
ТАШВИШ
Накунад шамъҳо шавад хомӯш,
Накунад ғунчаҳо шавад пар-пар.
Накунад наъраҳо шавад нола
В-аз хасу хор пур шавад сангар.
Накунад хашмгин фуруд ояд,
Мушти ёрон ба синаи ёрон.
Накунад бехабар ба хоб равад,
Чашми шмбзиндадори бедорон.
Он ки дар ҷустуҷӯи тӯфон буд,
Дил кунад хуш ба нам-нами борон.
Накунад орзу асир шавад,
Накунад бандагӣ шавад озод.
Накунад размҳо ба бод равад,
Ишқу озодагӣ равад аз ёд.
ЧАРОҒИ РАҲ
Ту, эй номовари навсози настӯҳ,
Дилат дарё,
Ғамат кӯҳ.
Шабонгоҳон ба роҳи корвонҳо,
Чароғи раҳ шудӣ, бояд бисӯзӣ.
Агар афтад касе дар тирароҳе
Фурӯғи ҷону гармии танатро,
Даруни синаи ӯ барфурӯзӣ,
Ки бархезад зи ҷо, роҳе шавад боз.
Ту, эй сангарнишини нағмапардоз,
Забони безабонони замонӣ,
Ба дилҳои пуроташ соябонӣ,
Ту фарёди ҳазорон ормонӣ,
Ки дар зиндони дилҳо монда хомӯш.
Биёр аз хори саҳрои сияҳпӯш,
Барафрӯзем хирманҳои оташ,
Ки оянд ошиқон гирдаш ба гардиш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё