ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

ШИНОСНОМАИ ШОИР
Хобам намебарад зи чӣ дар ин шаби сиёҳ,
Андешаҳо фиканда чаро оташам ба ҷон?
Ҳаргиз гуруснагӣ накашидам, вале зи сидқ,
Ҳамвора ҳамсадо шудаам бо гуруснагон.
Шояд суруди сангари шоир - садои ӯст,
Шояд шиносномаи ӯ - шеърҳои ӯст.
Хокистарам ба хоки Ватан мебар, эй насим,
Бо шеъри ман, ки оташи хокистари ман аст.
Гӯ, ин ягонаро ба ту тақдим мекунам,
Шеърам, ки ишқи поки ману сангари ман аст.
ШАРОРА
Шунидаам, ки ту зебо,
Китоби шеъри маро,
Аз он фаришта гирифтию сатр-сатр навиштӣ.
Ду чашми масти ту аз шеъру ашк соғари мешуд,
Туӣ чу зодаи Эрон, Шарора, шеърсириштӣ
Ва шеъри мо нубуғи куҳан ҳамеша ҷавон аст.
Нигоҳ дор ту он дафтари хуҷастаи худро,
На з-он, ки шеъри ман аст он,
Ҷавонии ту дар он аст.
Басо шавад, ки пас аз солҳои дарҳами дере,
Ки ман нуҳуфта ба хокам,
Ту низ бонуи пирӣ,
Ба ёд оварӣ имрӯзро, ки бо чӣ душворӣ,
Дар интизор гузаштаст рӯзгори туву ман,
Ду зан,
Ду ошиқи Меҳан.
АШК ВА ИСЁН
Эй дӯсти дерини ман!
В-эй меҳри ту з-андоза берун,
Рӯзе дар оғози ҷавонӣ,
Гуфтӣ ба ман:
Бояд чунон шеъре бигӯӣ,
К-аз сатр -сатри он бирезад ашк, ё хун.
Ин гуфтаат,
Бо рӯҳи исёнпешаи ман ошно буд,
Сар то сари умр,
Умрам, ки медонӣ тақдираш чиҳо буд,
Бисёр шуд,
Шеъри маро,
Дар пушти сангарҳо суруданд.
Ё ҳар замон дар ҷамъи ёрон шеър хондам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё