ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ҷунуни ҷаҳонгириву кинатӯзӣ,
Ки душман сароғози ин моҷаро шуд.
Дареғ аст, Эрон шавад мубталояш,
Ки лаънат ба ҷангу ҳазорон балояш.
Ҷаҳонхора боке зи куштан надорад,
Ба дил ишқ фарҳангу Меҳан надорад,
Дарав мекунад насли пиру ҷавонро,
Ба хун мекашад нағмаи булбулонро
Ва мерӯбад аз решаҳо навгулонро.
Баланд аст фарёду ғавғои Эрон,
Ки як насл маълулу бехонумон аст,
Пур аз пои чӯбист фардои Эрон
Ва одамкушон бар сари чӯбаи дор.
Баҳор асту Наврӯзи ҷонсӯзи Эрон,
Ба ҳар ҳол,
Поянда Наврӯзи Эрон.
ХУРӮШИ ХОМӮШӢ
Чун замин борвару бурдбор бош
Авасто
Дарахти хонаи мо,
Ки решааш ҳама дар обу хоки мо растаст,
Сараш ба лонаи бегонагон нишаста ба гул,
Бараш ба домани девонагон равад ба ҳадар.
Ва баргрези хазонаш дар ошёнаи мост
Ва ошёнаи мо маъбади аҳуроист.
Надонам оё ҳар сабр мерасад ба зафар?
Чу асри исёнҳо,
Ба ғайри сабр кушодаст роҳҳои дигар?
Ғариқи баҳр магар чеҳрааш шикебоист?
Чӣ ҷои навҳасароист аз барои Ватан?
Ба дасти мост, ки боист дар ҳавои Ватан,
Дарахти хонаи мо пургулу шукуфа шавад,
Ва резад он ҳама гулро ба хоки пои Ватан,
Ки дар замини Ватан решаи тавоноист.
Ҳазор сол шунидем нолаи булбул,
Фиғони мурғи қафас кард гӯшамонро кар.
Хушо, навои дигар,
Ба бонги хашму хурӯши маҳиби дарёҳо,
Ба рӯшноии хомӯши ахтарони баланд,
Ки ин хурӯши хамӯшӣ суруди зебоист.
Ҳар он ки ошиқи оташфишони Хуршед аст,
Ҳар он ки қофиласолори ҷаҳду уммед аст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё