Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи санглохи ҳаводис гузар кунад чу насим.
Зи сахраҳои бало рӯзу шаб равад боло,
Ки хешро бирасонад ба қуллаҳои наҷот,
Ба шаҳри ҷодуи симурғу ошёни уқоб
Ва бингарад, ки ҷаҳон то чӣ ҳад тамошоист?

Хушо, ба ҳоли касоне, ки сахту пурсамаранд,
Ҳамеша ҳамчу замин бурдбору борваранд,
Чӣ нуктаҳо, ки дар ин гуфтаи Авастоист.

ШЕРОЗ

Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам...

Ҳофиз

Ману даргоҳи Ҳофизи ҷовид,
Ману ин қиблаи муқаддаси ишқ,
Ману ин маъбади бузурги ҳунар,
Ман, ки инро намекунам бовар?

Мезанам бӯсаҳо ба муждаи васл,
Мекунам саҷдаҳо ба тоири қудс,
Мегушоям ба осмонҳо пар.

Ману дидори шоири абадӣ,
Ифтихори ҷаҳониён - Саъдӣ.
Мегузорам ба остонаш сар,
Бишнавам то навои мурғи саҳар.

Ману ин сарзамини руъёӣ,
Шаҳри шайдоию шукуфоӣ,
Мезанам ҷору мекунам такрор:
Гар ҷаҳон хуррам аз баҳорон аст,
Дода Шероз хуррамӣ ба баҳор.

Мавҷи дарёчаи Намак бошад,
Ё ки овои булбулони баҳор,
Ё ба сӯҳбат нишаста Шерозӣ?
Гӯш кун чашми худ бибанду бибин,
Бод бар рӯйи об мерақсад,
Моҳ бо авҷ мекунад бозӣ.

Шаҳри ишқу ҳамоса, эй Шероз,
Шаб зи ҳар шаҳру ҳар диёри дигар,
Осмони ту пурситоратар аст,
Ваҳ, ки оташ гирифтаам з-ин дард,
К-оташи ҷанг дар ту шуълавар аст.

Дур бод ин шарори вайронгар,
Аз Хароботи ту,
Зи Рукнобод,

пешина
аз 263
навбатӣ