ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Эй Гулистону Бӯстони ҳунар,
То абад Ҳофизат нигаҳбон бод!
ДАРЁДИЛОН
Ман ашки сангро шаби маҳтоб дидаам,
Фарёди кӯҳу хандаи дарё шунидаам.
Ман ишқро ба пардаи садранги дилпазир,
Бо покии саҳар ба тамошо нишастаам.
Дар чашмасори нури сапеди ситораҳо,
Бо шустушӯи хеш зи ҳар ранг растаам.
Ман шеърро зи хандаи ширини кӯдакон,
Ман нағмаро зи рақси латифи насими субҳ,
Эсорро зи дидаи бехоби модарон,
Озодагӣ зи гӯшаи торики кулбаҳо,
Бетобӣ аз забони шарарбори интизор,
Бахшоиш аз замину шукуфоӣ аз баҳор,
Бигрифтаам, ки дастагуле армуғон кунам,
Бар ҳар кӣ ӯ ба роҳи раҳоист пойдор.
Ман бонги кӯҳу нағмаи дарё шунидаам,
Дарёдилони сахттар аз кӯҳ дидаам.
РӮҲИ САБЗИ БАҲОР
Аз кадомин ситора пайки баҳор,
Ба замин омада чунин гулбор,
Ки дару дашту боғу саҳроро
Аз шукуфа ситораборон кард
В-аз дарахтони арғувон афрӯхт,
Машъали сурх бар сари кӯҳсор?
Чу табиат зи нав ҷавона кунад,
Мурғи рангини орзумандӣ,
Нағмахон дар дил ошёна кунад.
Ёди дидорҳои пору диёр,
Дилу ҷонро пур аз тарона кунад.
Ёд бод ин ҳама шукуфоӣ,
Обшорони домани Албурз,
Субҳи Мозандарон,
Шаби Шероз,
Гулшани Исфаҳони нисфи ҷаҳон,
Ё ҷаҳон шуд аз Исфаҳон оғоз?
Мезанад ҷор рӯҳи сабзи баҳор,
Бишкан он шохсори хушкеро,
Ки дигар дархӯри шукуфтан нест.
Аз баҳорон ҷаҳон шуда бедор,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё