ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Чашм бикшой вақти хуфтан нест,
Навбаҳор асту мавсими дидор!
МУРҒИ МУҲОҶИР
Парафшон шав, эй мурғ, мурғи муҳоҷир,
Ту, ки ошиқи оташи офтобӣ,
Ту, ки рӯҳи бетоби пурилтиҳобӣ,
Ту, ки дил набастӣ ба мавҷи саробе,
Ту, ки ташнаи чашмаи гармсерӣ,
Зи ҷонҳои дилсард серӣ,
Ту, ки пуршарорӣ, ту, ки беқарорӣ.
Парафшон шав, эй мурғ, мурғи муҳоҷир,
Ки боз ин замон вақти кӯч асту кӯшиш.
Чаман сар ба сар ғарқи хун асту оташ,
На он ҷо диле хуш,
На шодӣ ба дилҳои дур аз диёрон.
Ту, эй орзуманди дидори ёрон,
Чунин аст ҳамвора тақдири талхат,
Ки дар ошёна набинӣ баҳоре.
Басо рӯй гардондаӣ аз хазонҳо,
Басо дидаӣ сарнагун ошёнҳо,
Басо кӯч кардӣ ту бо корвонҳо,
Басо ғам, ки дар сина пинҳон намудӣ,
Чароғе шудӣ дар гузаргоҳи торе.
Парафшон шав, эй мурғ, мурғи муҳоҷир,
Сафар кун ба водии дури уфуқҳо,
Биандоз худро дар оғӯши дарё,
Сари мавҷ биншину ҳар сӯ садо кун,
Дилу ҷони худро зи ғамҳо раҳо кун.
Мабодо бинолӣ,
Суруду наво шав,
Тулуъи саҳар, тундари абрҳо шав,
Умеду навиду талошу таманно,
Аз инҳо ба ҳар кас бидеҳ ёдгорӣ.
АЗ МАҶМӮАИ «ХУРӮШИ ХОМӮШӢ»
ЗАМИН
Замин,
Ин модари ҷовиди ҳастиофарин,
Ки ҳар дам зояду ҳар дам хӯрад фарзандҳояшро.
Нишаста рӯйи боли қарнҳо,
Пайваста,
Мечархад,
Мегардад,
Бе он ки шавад хаста.
Чу хандад аз даҳони кӯҳҳо оташ фурӯ резад,
Чу гиряд аз сиришкаш беамон селобҳо хезад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё