ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Кай омадай кай рафт зи дунё?
Зеро ки ҳунарманди тавоно,
Як дам ба ҷаҳон ояду ҷовид бимонад.
ДИДОР ДАР АБАДИЯТ
Дар паси он кӯҳҳои соҳили дарё,
Даври фаросӯи абрҳо ва уфуқҳо,
Дуртар он ҷо, ки абру обу ҳаво нест,
Ҳаст фазое, ки дар тасавури мо нест.
Гардиши садҳо ҳазор моҳу ситора,
Ғаршу ғавғои нурҳои шиновар.
Наъраи мелоду марги мубҳами афлок,
Шуълаи хуршедҳои дигару дигар
Шояд дар рӯшноии он абадият,
Моро дидор ҳасту нест қиёмат.
ВОҲА
Ҳавои доғи биёбон,
Замини тафта - таркхӯрда,
Хоку хористон,
То уфуқ хомӯш.
На як паранда занад пар,
На сабзае,
На дарахте,
На як насими навогар,
Ки бигзарад з-он ҷо,
Ки оҳувони аташ карда рафтаанд аз ҳуш.
Агар ғуруб фуруд ояду натобад Моҳ,
Агар ки мо нарасем аз раҳе ба воҳаи равшан,
Зи рӯҳи тори биёбон,
Аз ин сароби гудозон,
Чӣ гуна навсафаронро хабар кунад човуш?
ШАБОНГАҲ
Шаби маҳтоб,
Шаҳри рафта ба хоб,
Осмон симгун,
Уфуқ ором.
Ҳолаи Моҳ,
Чун пари товус,
Сабзу нилуфарию нилифом.
Аз ҳавои латифи нимашабон,
Ҷон шавад тоза,
Тан бигирад ҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё