Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ғубори кабуди шаб гоҳе,
Такчароғе зи дур месӯзад.
Кист бедору беқарор чу ман?
Кист нохуфта,
Кист ошуфта,
Аз хабарҳои шуми даҳшатбор?

Нафаси вопасин занад, оё,
Даҳаи охири ҳазораи мо?

Ба дигар қарн роҳ бояд бурд,
Ба табиат паноҳ бояд бурд.
Ба талоши шабонарӯзи Замин
Ва ба ёрони меҳрубон
Ва ба Моҳ,
Ки шабонгоҳ
Медурахшад дар осмони баланд
Ва ба дунёи шодиву ғами мо,
Сарду оҳиста мезанад лабханд.

ТАРОНАИ РАНГИН

Он шаб, ки Моҳ машъали рӯйи дарахт буд,
Дар сояҳои сабзу дурахшанда дидамаш,
Як лаҳза,
Як таронаи рангини мондагор.

Он иштиёқи шуълавар,
Он ҳисси гунгро,
Гуфтан чӣ сахт буду нуҳуфтан чӣ сахт буд?!
Он шаб, ки Моҳ машъали рӯйи дарахт буд.

ГУЗАР АЗ РӮД

Бар сарнавишти шигифти касе меандешам,
Ки роҳи пушти сараш нест
Ва чораи дигараш нест,
Ҷуз ин ки дар шаби селоб,
Бигзарад аз рӯд.

Амон зи васвасаи талхи лаҳзаи таслим,
Ки мераҳӣ зи бало,
Ё ки мешавӣ нобуд.

Хурӯши шабзадаи селу рӯди хашмолуд
Ва ҳеч роҳи дигар нест,
Ҷуз гузор аз рӯд,
Ҷуз гузор аз рӯд.

Гули сапеди саҳаргоҳи он савоҳили сабз,
Канори бистари обии обҳои кабуд,

пешина
аз 263
навбатӣ