ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Аз кӣ хоҳад буд?
Аз кӣ хоҳад буд?
ДУРТАРИН СИТОРА
Мепурсанд,
Дар Ландан дилшодам,
Ё дар Маскав?
Оҳ, эй Эрони ман,
Агар шақоиқи шодиям шукуфтанӣ бошад,
Танҳо рӯйи замини туст,
Зери осмони ту.
Мегӯянд,
Ҳар инсон ситорае дорад,
Шояд ситораи ман дуртарин аст,
К-ин ҳама дуриофарин аст.
Дерест
Ва дергоҳест,
Орзу дорам,
Сапедадам,
Бар офоқи обии ту салом кунам
Ва шомгоҳ бо шангарфи шафақат,
Рӯзамро ва чун фаро расад,
Рӯзгорамро тамом кунам.
Агарчи шикебшикан аст ин орзуи ман,
Аммо решааш дар об аст,
Эй Эрони ман, Эрони ман!
ҲАМА ИН АСТ
З-он биёбони бетулуъу ғуруб,
Ҳеч кас, ҳеч кас наёмад боз,
То хабар оварад чӣ ҳасту чӣ нест.
Чӣ тафовут кунад барои Замин,
Ки касе бист зист,
Ё саду бист?
Ки ба шодӣ гузашт рӯзу шабаш,
Ё шабу рӯз ранҷ бурду гирист.
Моҳу Хуршеду обу абру уфуқ,
Ҳама саргарми кори хештананд,
Кай ба фикри шумо
Ба ёди мананд?
Ин ман астам, ки бояд аз онҳо,
Нуру нерӯи зиндагӣ гирам
Ва ба дигар касон кунам ҳадя.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё