ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Бишнавам з-он қанории ошиқ,
Ки ғазалхони хонаи дили мост,
Ҳама ин аст,
Ҳар чӣ ҳаст,
Ин ҷост.
РӮҲИ ДАРЁӢ
Дарё, ки ҷангалҳо даруни сина дорӣ,
Эй чеҳраат ойинаи Моҳу ситора.
В-эй нағмаат - афсонаҳои беқарорӣ,
Овои ту - пажвоки ғавғои дарунам.
Як дам маро дар ларзиши оғӯши худ гир,
То сар ниҳам бар синаат,
Оҳиста гӯям,
Бар ман чиҳо рафтаасту чунам?
Ман ҷӯйбори кӯчаке будам ба саҳро,
Доим давидам то бипайвандам ба рӯде,
Шояд, ки рӯзе, бо талоше, бо суруде,
Худро биандозам дар оғӯши ту дарё,
То рӯҳи дарёе шавам,
Дарёи подореву пӯёе шавам,
То тундару тӯфон наларзонад диламро.
Дарё, дарё,
Эй бехабар аз орзуҳо,
Он гаҳ, ки рӯйи доманат сар мегузорам,
Ман ишқи уқёнусро дар сина дорам.
ҒУРУБ
Дерест, ки мо гумшудагон гарми суроғем,
Шояд касе аз мо хабаре дошта бошад.
Бедил
Ғуруб, аввали торикӣ,
Охири дунёст.
Аз ин ғуруби ғамовар аҷаб гирифта дилам,
Дилам, ки ин ҳама шайдову ин қадар танҳост.
Ту, эй ситора, бигӯ,
Касе нуҳуфта напурсид аз ту Жола куҷост?
ДУ ТАРҲ
1
Ҳазор машъали хоҳиш,
Зане дар ойина,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё