ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Бо як сабад шақоиқи ваҳшӣ,
Ду чашми мунтазираш - шуълавар,
Дилаш - гули оташ.
2
Уфуқ гирифтаву сангин,
Нишаста марде,
Танҳо,
Ба рӯйи сахраи сарде,
Ки хам шудаст ба дарё,
Нигоҳи мунтазираш,
Ба ҷазираҳои миҳогин.
РУЪЁИ ШАБОНА
Нимаҳои шаб аст,
Мӯбадҳои сапед ҷомаи машъал ба даст,
Дар ғурфаҳои тӯ дар тӯ,
Парса мезананд ба ҳар сӯ.
Навои ниёишҳошон рознок:
Меситоям туро,
Эй офаридгори нур,
Эй Аҳурои пок!
Дар сояравшанҳо,
Рустами ҷаҳонпаҳлавон,
Суҳроби хунинашро ба дӯш гирифта,
Ба айвони махуф,
Ки писари шаҳидашро дар оғӯш гирифта,
Ба зорӣ мегӯяд:
Эй шоҳ!
Аз торих натвон нуҳуфт,
Ки мо ҳарду гунаҳкорем,
Ман надониста пургуноҳ
Ва шумо гуноҳкори дилсиёҳ.
Оҳ, мо падарони сӯгворем,
Гунаҳкорем.
Ногоҳ фаро мерасад Хайём,
Шеърашро мерезад дар ҷом,
Ҷомро бо садояш баланд мекунад:
Эй Таҳамтани пидром!
«Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист, бигӯ?
Он кас, ки гунаҳ накард чун зист, бигӯ?»
Ман, ки ҳамчун падарам - Одам,
Гунаҳкор будаам аз дуртарин айём.
Давроне, ки шояд ба шакли дигар будаам,
Чӣ медонам?
Булбул будаам, ё хар будаам?
Он гоҳ ба гуфтаи Мавлоно Ҷалолиддин:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё