ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

«Мурдам аз ҳайвонию одам шудам,
Пас чӣ тарсам, кий зи мурдан кам шудам?»
Мавлавӣ фаро мерасад.
Мавлавӣ:
Бузургворо,
Шумо ҳаргиз намурдаед.
Хайём:
Худоро!
Яъне ҳамчунон ҳайвон мондаам?
Мавлавӣ:
Шигифто!
Аз шӯхтабъии шумо ҳайрон мондаам.
Шумо, ки шоири ситорагонед
Ва ситораи шоиронед,
Ба хубӣ медонед,
Ки то дунё - дунёст
Ва замин дорои обу оташу ҳавост,
Инсон дар зеру рӯйи хок,
Зистан ва хоҳад зист,
Пас ин шак ва яқини шамо аз чист?
Хайём:
Кашфи асрори ҳастӣ дар замину осмон,
Ковишгар аст инсон.
Хушбахтона,
Роҳи андеша бар ӯ боз аст
Ва ҳар ситора ҷаҳони пурроз аст,
Шояд ҳазор бор беҳтар аз Замин.
Волтер аз роҳ мерасад.
Волтер:
Беҳтар аз Замин?
Ҳаргиз,
Ба назари шумо, мухолифам.
Аммо ҳозирам ҷон ба ройгон диҳам.
То шумо озодона андешаатонро баён кунед,
Бифармоед, ҳар чӣ мехоҳед, ҳамон кунед.
Озодӣ - ҳақиқати зиндагист,
Афсона нест,
Албатта зиндагӣ ҳам як таронаи ошиқона нест.
Мавлавӣ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё