ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Зиндагӣ зеботарин тарона аст,
Ки боядаш ошиқона суруд.
Бояд бо тамоми вуҷуд,
Ошиқ буд, ошиқ буд.
Мо он чӣ донистем, гуфтем
Ва дар оғӯши хок хуфтем.
Атри ишқмонро ба найзорҳо афшондем,
То рӯҳи моро ба наво орад
Ва ояндагонро ба ёди мо орад.
«Андак, андак, ҷамъи мастон мерасанд
Андак, андак майпарастон мерасанд.
Андак, андак з-ин ҷаҳони ҳасту нест,
Нестон рафтанду ҳастон мерасанд».
Инак, дамодами саҳар аст,
Ҳар саҳар оғози бедории башар аст.
ТОБИСТОН
Шамъҳоро равшан кунем,
Лолаҳои булӯр бар саршон бигзорем,
То аз ниҳеби бод хомӯш нашаванд.
Хотираҳои шукуфтаро,
Дар гулдони диламон тоза нигаҳ дорем,
То фаромӯш нашаванд.
Паҳлавони сурхрӯйи тобистон,
Хандону гулафшон,
Омада ба суроғи мо.
Ба рӯяш оғӯш боз кунем
Ва ҳамчун парандагони муҳоҷир,
Ба сӯяш парвоз кунем.
Ҳарчанд мо шефтаи баҳорем,
Бо гузашти баҳорон низ созгорем.
Зеро ки дар селоби фаслҳо,
Шиновар будаем ва шикебо.
Инак, тобистон,
Бо қомати баланди рӯзонаш
Ва чеҳраи фурӯзонаш.
ДУ САДА
Ду сада,
Ду ҳаюло,
Дар остонаи дидоранд,
Ҷавонҳо ва ҷавонҳо,
Дар саросари дунё,
Талошманд ва чашминтизоранд,
То аз ҳар гуле - ситорае,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё