ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ба пеши рӯй баҳорони дигаре бошад,
Ки пуршукуфа кунад боғи настаранҳоро.
ЗАН ВА ҚАЛАМАШ
Садаҳои сиёҳи даҳшатбор,
Парда бар чашми зан чунон афканд,
Ки надид ахгари алифборо,
То кунад роҳи хешро равшан.
Дили пурдарду рӯҳи ошиқи зан,
Гаҳ шабонгаҳ канори гаҳвора,
Гоҳ рӯзон дар ошпазхона,
Рехт дар қолаби таронаву шеър,
Омиёна, вале чу рӯҳи баҳор.
Ва чӣ бисёр аз даҳон ба даҳон,
Бин як наслу наслҳои дигар,
Шуда ин омиёнаҳо такрор.
Оҳ, эй зан,
Эй ғамовои синаи аъсор!
Эй дурахшонтарин суруди ҷаҳон,
Қаламат шуълавар зи оташи ҷон.
Ин замон
Мужда орад аз Хуршед,
Ҳамчу рангинкамон,
Пас аз тӯфон.
РОҲ
Роҳ, роҳ,
Роҳи торики шабгоҳ,
Рӯҳи ашбову авҳоми ҷонкоҳ.
Роҳ, роҳ,
Нури ойинаи субҳ,
Равшанӣ, равшано, равшаноӣ,
Партаве рози беинтиҳоӣ
Осмону уфуқ - обиву сурх,
Теппаҳо, дараҳо, даштҳо- сабз,
Мазраъи гарми гандум-тилоӣ.
Мавҷи рангини дарёи гулҳо,
Гашту парвози мурғони саҳро.
Роҳ, роҳ,
Ваҳ, ки зеботарин саҳна дарёст,
Ин кабуди дурахшон дили мост,
Дар тапишҳои дилгиру дилхоҳ.
Роҳ, роҳ,
Тирҳо симҳои хабарбар,
Медаванд аз паи якдигар,
Роҳ ва бероҳ.
Кулбаҳо, кӯмаҳо, хобу бедор,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё