Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гоҳе аз гӯшае чашмаки нур,
Андаке дур,
Ҷангали коҷу сарву сапедор,
Соябонҳои сарсабзи дидор,
Духтаре медавад ҳамраҳи бод.
В-он писарбачаи побараҳна,
Мезанад дод:
Ой ревос, ревос,
Чидаам тоза аз домани кӯҳ,
Ой ревос, ревос,
Решаи зиндагӣ мефурӯшам,
Мекунад илтимос,
Медиҳад такя бар хирмангоҳ.

Роҳ, роҳ,
Нимрӯзону хуршеди сӯзон,
Хорҳо - захми зарди биёбон,
Кӯҳҳо - уқдаҳои дили хок,
Сар кашида бар афлок,
Кӯҳи саркаш шавад уқда гаҳ, гоҳ.
Роҳ, роҳ,
Роҳи пурпечу пиндор,
Бар мадори Замин,
Рӯйи ин
Турфа тӯмор,
Тарҳи торихи инсон:
Ҷангҳо, ҷангҳо,
Қасрҳо,
Қабрҳо,
Хашмҳо,
Сабрҳо,
Фарру фарҳангҳо,
Шеъру мусиқиву рангҳо,
Тобиши нури ҷонҳои огоҳ.

Роҳ, роҳ,
Дар дарозии раҳ,
Қисса кӯтоҳ.

Ҳамсафар,
Ман чӣ гуна ба сар,
Орам ин рӯзу шабро:
То нагӯям дами вопасин, оҳ.
Хушк шуд решаи зиндагӣ,
Шираи шодмонӣ.

Бингар, инак,
Медурахшад дар офоқи шаб Моҳ.
Ҳамчу ойинаи меҳрубонӣ,
Ҳамчу ойинаи меҳрубонӣ.
Мо ва ин роҳ,

пешина
аз 263
навбатӣ