Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Роҳ,
Роҳ.

МУРҒИ АФСОНА

Мурғи афсона,
Мурғи оташнок,
Эй пару болат оташин,
Ман низ,
Чун ту аз сӯхтан надорам бок.

Аз дарун мо нуҳуфта месӯзем,
То ба афсона ҷони тоза диҳем,
То чароғи диле барафрӯзем.
Мурғи белона,
Мурғи оташнок.
Ту ҳам оё дар оташе ташна,
Ташнаи қатрае муҳаббати пок?

КУҶО БУДӢ?

Куҷо будӣ ту он даврон
Ки гандумгуна рухсорам,
Чу гулбарги шақоиқ буд,
Ҷавонӣ дар тану ҷонам.
Гал андар гул,
Саропо иштиёқу интизору орзу будам.

Куҷо будӣ ту он рӯзон,
Ки дар торикнои дайри беравзан,
Ба дурам доштанд аз равшаниҳо.
Маро аз шӯру шавқи офаридан,
Меҳр варзидан,
Зи хандидан,
Зи симои наҷиби ишқ тарсонданд.

Ва раҳбонону рӯҳбонон,
Ки худ дар айшу мастӣ,
Худпарастӣ,
Ғӯтавар буданд.
Зи ман,
Аз мо,
Зи дунё бехабар буданд.

Куҷо будӣ ту он шабҳо,
Ки ман бо чашми ашколуд мехуфтам,
Ба худ ҳар лаҳза мегуфтам:
Надорам чорае ҷуз он ки бархезам,
Зи ҳар бандеву бедодист бигрезам.
Ва оҳуваш,
Ниҳам сар дар биёбонҳои озодӣ,
Ки рӯйи пойи худ истода,

пешина
аз 263
навбатӣ