ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Дасти дигаре гирам
Ва нақши кӯчаке бошам.
Ба рӯйи саҳнаи волои озодӣ,
Дар ин саҳна, ки пурташвиқу ташвиш аст,
Ҳар кас меҳвару бозигари хеш аст.
Ва инак,
Ин ману он қуллаҳои дури нопайдо,
Шитоби рӯзу шабҳову такопӯҳо.
ЧӢ ШУД?
Чӣ шуд он рӯзгори хуш, ки гузашт,
Он зи каф рафта рӯзгор чӣ шуд?
Чӣ шуд он хандаҳои мастона,
Ишқи пуршӯру пуршарор чӣ шуд?
Бӯстон буд ҷилвагар зи баҳор,
Он гулистону он баҳор чӣ шуд?
Он чаманҳои сабзу хуррам ку,
Боғҳои шукуфадор чӣ шуд?
Ошёнам чаро парешон гашт,
Мурғи муштоқи беқарор чӣ шуд?
Шуд ниҳон мӯйи модарам дар хок,
Он сияҳзулфу он мазор чӣ шуд?
Доштам интизори хушбахтӣ,
Суди як умр интизор чӣ шуд?
ЖОЛА—5
АЗ МАҶМӮАИ «СУРУДИ ҶАНГАЛ»
ШУКӮҲИ ШОДМОНА
Мехоҳам,
Равшантарин хӯшаҳои ситорагонро,
Аз токзори Каҳкашонҳо бичинам
Ва бар сару рӯйи рӯзони гурезонам барафшонам.
Мехоҳам,
Шамъи лолаи булӯрини ҷонро барафрӯзам,
То фурӯафтодагони дарраҳои торикро,
Аз ҳалокат бираҳонам.
Мехоҳам,
Роҳи киштии шикастаи халиҷнишастаро,
Ба паҳнаи дарё
Боз кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё